ДУШАНБЕИ ШУКУФОН. Маҷлиси намояндагон Рӯзи пойтахтро таҷлил намуд

Апрель 20, 2019 10:40

ДУШАНБЕ, 20.04.2019. АМИТ «Ховар». Кормандони дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи пойтахтро, ки ҳамасола   ҳафтаи сеюми моҳи апрел ҷашн  гирифта мешавад, бо дастовардҳои назаррас  истиқбол намуданд.

Ба ин муносибат дирӯз ҳайати дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои ободу тоза нигоҳ доштани саҳни бинои Маҷлис ва дар маҷмӯъ ободу шукуфон намудани шаҳри Душанбе саҳми худро гузоштанд.

Дар баробари таъмиру ба истифода додани қисми зиёди бинои Парлумони касбии мамлакат, толору маҷлисгоҳҳои бошукӯх, инчунин гулзори нави фарҳангӣ дар қисмати чапи бинои мазкур обод карда шуд. Ҳамзамон роҳҳо таъмиру навсозӣ гардиданд.

Кормандони дастгоҳи Маҷлиси намояндагон  бо рӯҳияи болида ва шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон  барои тоза кардани бехи дарахтон ва таъмиру тармими бинои Маҷлиси намояндагон камари ҳиммат бастанд.

Иттифоқӣ, ҳамбастагӣ ва пайравӣ аз тадбирҳои нек ва муттаҳидӣ дар атрофи  сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат  нишон дод, ки масъулини Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон нисбат ба корҳои неку созанда бетараф набуда,  саҳми худро дар ободии Ватан мегузоранд.

Ҳадафи дигари ободкории мазкур ба муносибати таҷлили Рӯзи поӣтахт- ин тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, якдилӣ, якмаромӣ, баробариву бародарӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад.

Апрель 20, 2019 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ