ДУШАНБЕИ ШУКУФОН. Маҷлиси намояндагон Рӯзи пойтахтро таҷлил намуд
ДУШАНБЕ, 20.04.2019. АМИТ «Ховар». Кормандони дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи пойтахтро, ки ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад, бо дастовардҳои назаррас истиқбол намуданд.
Ба ин муносибат дирӯз ҳайати дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои ободу тоза нигоҳ доштани саҳни бинои Маҷлис ва дар маҷмӯъ ободу шукуфон намудани шаҳри Душанбе саҳми худро гузоштанд.
Дар баробари таъмиру ба истифода додани қисми зиёди бинои Парлумони касбии мамлакат, толору маҷлисгоҳҳои бошукӯх, инчунин гулзори нави фарҳангӣ дар қисмати чапи бинои мазкур обод карда шуд. Ҳамзамон роҳҳо таъмиру навсозӣ гардиданд.
Кормандони дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо рӯҳияи болида ва шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон барои тоза кардани бехи дарахтон ва таъмиру тармими бинои Маҷлиси намояндагон камари ҳиммат бастанд.
Иттифоқӣ, ҳамбастагӣ ва пайравӣ аз тадбирҳои нек ва муттаҳидӣ дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат нишон дод, ки масъулини Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон нисбат ба корҳои неку созанда бетараф набуда, саҳми худро дар ободии Ватан мегузоранд.
Ҳадафи дигари ободкории мазкур ба муносибати таҷлили Рӯзи поӣтахт- ин тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, якдилӣ, якмаромӣ, баробариву бародарӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад.








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






