ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «ТАШАББУСИ «КАМАРБАНД ВА РОҲ» ҶАВОБГӮ БА МАНФИАТҲОИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА АСТ». Имрӯз Шабакаи ҷаҳонии телевизионии Чин CGTN мусоҳиба бо Президенти Тоҷикистонро намоиш медиҳад

Апрель 22, 2019 13:16

ДУШАНБЕ, 22.04.2019./АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон ташаббуси ҷониби Чин «Як камарбанд, як роҳ»-ро бо тамоми ҷанбаҳояш ҷонибдорӣ менамояд, зеро он ҷавобгӯ ба манфиатҳои кишварҳои Осиёи Миёна аст. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо хабарнигорони ВАО-и Чин дар Душанбе изҳор дошт. Ӯ зикр намуд, ки амалӣ гардидани ин ташаббус ба татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат менамояд», — хабар медиҳад шабакаи телевизионии CGTN 22 апрел.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: «Инфрасохтор, аз ҷумла роҳҳои оҳан ва мошингард, ки сохтмонашон дар доираи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» дар назар аст, кишварҳои мо ва минтақаро бо бандарҳои байналмилалӣ мепайвандад.  Албатта, ин ба ҳаракати озоди молу сармоя ва ба рушди Тоҷикистон мусоидат мекунад. Чунин мешуморам, ки ташаббуси роҳбари Чин ба ҳамаи давлатҳову минтақаҳои ҷаҳон ва сокинони он манфиат хоҳад овард. Он ба беҳбуд бахшидани некӯаҳволии халқҳои мамлакатҳои қад-қади «Камарбанд ва роҳ», сатҳ ва сифати ҳаёти одамон мусоидат мекунад, аз ин рӯ мо онро дастгирӣ мекунем ва аз татбиқи он натиҷаҳои мусбатро барои ҳамаи давлатҳоро интизорем», -менависад шабакаи телевизионии Чин.

Дар бораи муносибатҳои Чину Тоҷикистон ибрози назар намуда, Президенти Тоҷикистон ёдовар шуд, ки давоми се даҳсолаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон табодули мол бо Чин садҳо маротиба афзуд. Сармоягузорони Чин аллакай беш аз дуюним миллиард доллари ИМА ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чину Тоҷикистон минбаъд низ таҳким хоҳад ёфт.

«Шакли пурраи мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ВАО-и Чинро 22 апрел дар шабакаи мо тамошо намоед», — иттилоъ медиҳад CGTN. 

 МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»:

Шабакаи ҷаҳонии  телевизионии Чин (CGTN)- ин ташкилоти нави байналмилалии ВАО мебошад. Он дар заминаи Шабакаи телевизиони марказии Чин (CCTV) 31 декабри соли 2016 таъсис дода шудааст.

CGTN   расонаи бисёрзабонаву калонмиқёси  иттилоотӣ буда, бо 6 забон барнома пахш мекунад. Ба ҳайати гурӯҳ 6 шабакаи телевизионӣ, CGTN Digital ва CGTN Plus шомиланд. Барномаҳои иттилоотии ин шабака асосан бо забони англисӣ пахш мегарданд.

Апрель 22, 2019 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон