«Хушкандешони мазҳабӣ-омилҳои террори Сайф Раҳимзоди Афардӣ», «Афғонистон ва 100 соли истиқлол», — шарҳи матбуоти даврӣ

Апрель 11, 2019 14:59

ДУШАНБЕ, 11.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир  ба ҳодисоти  дохил ва рӯйдодҳои  берун аз   мамлакат  чӣ андеша доранд?   Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.    

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият»  дар шумораи рӯзи 9 апрели соли  соли равон (№67 (23670))        мақолаи таҳлилии  мудири кафедраи илмҳои гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Исомиддин Шарифзодаро таҳти сарлавҳаи  «Дунявият ва ҷомеаи илммеҳвар» ба нашр расонидааст. Муаллиф зимни баррасии ин мавзӯъ  аз таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё мисол оварда, аз ҷумла, нигоштааст: «Имрӯз кишварҳое, ки дар сатҳи минтақаву ҷаҳон ҳарфи аввал мезананд ва қудрати минтақавию ҷаҳониро дар даст доранд, натиҷааш дарёфти донишҳои мантиқиву илмӣ аст, ки аз роҳи татбиқи онҳо тавонистаанд худро ба қудратҳои  минтақавӣ ё ҷаҳонӣ табдил диҳанд. Ин кишварҳо низ замоне таассубу хурофот ва донишҳои диниро меҳвари асосии идоракунии сиёсии худ қарор дода буданд, вале давоми 500 соли охир донишмандону мутафаккирон ва равшанфикрони ин ҷомеаҳо зина ба зина сатҳу сифати донишҳои илмиро боло бурда, илму хирадро роҳнамои кор қарор додаанд».

Дар идомаи андешаҳо  номбурда  дар  шарҳи ин мавзӯъ   аз кишварҳои  Осиёи Миёна ва Тоҷикистон  мисол оварда, аз ҷумла, чунин нигоштааст: «Гурӯҳҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо роҳи ривоҷ додани донишҳои динӣ, мутлақ арзёбӣ кардани онҳо афкори ҷомеаро ба тарафи худ тамоюл бахшида, аз ин роҳ дунявияти ҷомеаро аз байн баранд. Чунин навъи муносибат барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хатарзо аст. Зеро таҷрибаи кишварҳои олам нишон додааст, ки  ҳокимияти теократӣ ҳеҷ гоҳ на ба манфиати миллатҳо ва на ба манфиати шаҳравандон амалеро анҷом дода наметавонад. Он танҳо фарогири манфиати гурӯҳҳои хурд ва табақаи рӯҳониён аст, ки аз роҳи тарвиҷи таассубу хурофот дӯкони тиҷоратии хешро гардон мекунанд, вале дар маҷмӯъ, миллатро дар беҳувиятӣ ва кишварро ба дастнигару истеъмолгар табдил медиҳанд».

Ҳамчунин дар ҳамин шумораи нашрияи  «Ҷумҳурият» таҳти сарлавҳаҳои  «Саноат ва рушд», «Сайёҳӣ ва омилҳои нави рушди Тоҷикистон», «Хушкандешони мазҳабӣ-омилҳои террори Сайф Раҳимзоди Афардӣ»  ва дигар хабару гузоришҳо аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  ба нашр расидаанд.

Дар нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум» (№39, 09.04.2019)  аз ҷараёни сафари расмии  ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Давлати Қатар, ки 5 апрели соли 2019  сурат гирифт, гузориши муфассал ба нашр расидааст.  Дар гузориши мазкур, аз ҷумла, омадааст: «8 апрели соли 2019 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ пеш аз оғози ҷаласаи 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи байнипарлумонӣ мулоқот намуд. Шукурҷон Зуҳуров салому орзуҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Амири Давлати Қатар ва мардуми ин кишвари дӯст расонид. Ҳамчунин Шукурҷон Зуҳуров бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии Давлати Қатар доир ба татбиқи амалии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҷалби неруи корӣ табодули назар намуданд. Дар шаҳри Давҳа вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сарвазир – вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ баргузор шуд».

Дар саҳифаҳои дигари  ҳамин шумораи рӯзномаи «Садои мардум»  қонунҳои нав ба тасвибрасидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони   Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба чоп расидаанд.

Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» дар шумораи рӯзи 10 апрели  соли равон (№16 (20194) хабарҳои расмиро дар бораи аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо шудани якчанд қонунҳо, инчунин суханронии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ш.Зуҳуров дар иҷлосияи 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи байнипарлумонӣ, иштироки Сарвазири мамлакат Қ.Расулзода дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон, аз ҷониби ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ шудани масъалаҳо вобаста ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ба нашр расонида, матни қонунҳои ба тавсибрасидаро пешкаши хонандагон кардааст.

Хамчунин дар ин шумораи рӯзномаи «Народная газета» мақолаи «Бӯҳрони Афғонистон ва зарари кишварҳои Осиёи Марказӣ» аз бархӯрд ва муносибати дӯстонаи Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти печидаи ин кишвари ҳамсоя нақл мекунад. Мақолаи дигари  ин нашрия таҳти сарлавҳаи  «Рушди босуръати саноати сабук» ба чоп расида, мавзӯи он   шарҳи   ҳадафи чоруми стратегии мамлакатро дар бар мегирад.    Нашрияи мазкур ҳамчунин  аз навгониҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе  хабару гузоришҳо чоп кардааст.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ инчунин мақолаҳои зеринро чоп намудааст: «Шаҳри орзуҳо», «Нақши меҳварии Конститутсия», «Замин ба муносибати ғамхорона ниёз дорад», «Туркия ва Тоҷикистон –манфиатҳои муштарак доранд», «Афғонистон ва 100 соли истиқлол»,  «Бояд ба табобати факторӣ гузарем», «Дар ҳама ҳолат мард бошем», «Андар шинохти Саразми бостонӣ», «Ҷилои сафобахши оинаи табъ» ва  «Зеби зан либоси миллист».

«Мароми пойтахт» — нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  ин ҳафта мақолаи таҳлилии «Парламент  ва 19 паёми Пешвои миллат»-ро ба нашр расонидааст. Муаллифи мақола  андешаҳояшро доир ба  афзалияти парламенти касбӣ дар даврони соҳибистиқлолии  мамлакат  иброз доштааст. Дар ин робита, муаллиф аз  Паёмҳои   Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ  ёдовар шуда,  иброз менамояд, ки  аз соли 2001 то инҷониб ҳар сол  Пешвои миллат  Паёми худро ба Маҷлиси Олӣ  мерасонанд, ки ин амал  дар рушди минбаъда ва дурнамои мамлакат нақши муҳим дорад. Номбурда, аз ҷумла нигоштааст, ки «аз соли 2001  то инҷониб, яъне   то соли  2019 шумораи Паёмҳои Сарвари давлат, ки самтҳои асосии рушди мамлакатро  дар бар мегиранд,  19 ададро ташкил медиҳанд».

Ҳамчунин дар ин шумораи рӯзномаи «Мароми пойтахт» андешаҳои рӯзноманигор Далер Мерганов ба истиқболи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе  таҳти сарлавҳаи  «ДУШАНБЕ — дурдонаи кишвар» манзури хонандагон гардидааст.

Дар  ин шумораи рӯзнома ҳамчунин   мусоҳибаи хабарнигори ин нашрия   таҳти унвони «Таваҷҷуҳ ба сифат» маводе ба нашр расидааст, ки дар он андешаҳои ҷолиб оид ба вазъи  имрӯзаи таълиму тарбия  инъикос гардидаанд.

Дар бахши иқтисод таҳти сарлавҳаи «Тоҷикистон дар марҳилаи гузариш»  ё заминаҳои аввали гузоштан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ дар бораи саноатикунонии  мамлакат        маълумот дода шудааст. Яке аз мавзӯъҳои ҷолиби дигари ин  шумора- ин   матолиби «Об аст, ки ҳаёт аст» мебошад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Апрель 11, 2019 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Афғонистон 1,4 миллион духтар аз таҳсил дар мактаб дур мондаанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Пагоҳ дар Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор мегардад
«Худшиносӣ – омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Гулистон вохӯрӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Афғонистон ба занон сурудхонӣ ва қироат бо садои баланд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карда шуд
Дар ноҳияи Ванҷ бахшида ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Шурои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск густариш меёбад
22-23 август дар баъзе минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Дар Ҷумҳурии Демократии Конго беш аз 200 нафар бар асари ғарқ шудани киштӣ бедарак шудаанд
Дар 30 дарёи Чин дар тамоми давраи мушоҳидаҳо обхезиҳои шадидтарин ба амал омаданд