Ифтитоҳи бинои нави китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқӣ дар ноҳияи Спитамен

Апрель 1, 2019 08:45

ДУШАНБЕ, 01.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Китобхона, осорхонаи “Курушкада”-и таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагонаи рақами 2-ро, ки бо тарҳи хеле зебои муосир бунёд  гардидааст, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.

Бинои тозабунёди китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагона аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони иншооти мазкур моҳи июни соли 2017 оғоз гардида, моҳи марти соли 2019 бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити бинои мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулинро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд.

Иншооти китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагона дар ноҳияи Спитамен дар масоҳати 1,2 га дар маркази ноҳия қомат афрохта, масоҳати умумии сохтмон 540 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои замонавӣ дорои утоқҳои корӣ ва хизматрасонӣ буда, дар таҳхонаи он хазинаи китоб мавҷуд мебошад.

Дар ошёнаи якуми он китобхонаи электронӣ — шуъбаҳои феҳрист,  хизматрасонӣ, толори васеъи хониш бо мизу курсиҳои истеҳсоли ватанӣ барои 100 ҷойи нишаст муҷаҳҳаз гардонида шуда ва дар дохили он адабиёт оид ба дастовардҳои Истиқлолият, осору адабиёти шоирону нависандагони муосиру классики тоҷик, гӯшаи китобҳо оид ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 гирд оварда шудаанд.

Дар ошёнаи дуюм Осорхонаи таърихӣ таъсис дода шуда, ҳамчунин  чор утоқи корӣ бо шароити васеъ барои кормандон муҳайё гардидааст. Осорхона “Курушкада”, ки дар байни мардум бо номи Куруши Кабир маълум аст, номгузорӣ гардида, мавзеи қадимтарин ва дар айни замон ноҳияи зебоманзари Спитаменро ифода менамояд.

Осорхонаи мазкур муассисаи таърихӣ-кишваршиносӣ, илмӣ-маърифатӣ буда, муҳофизати ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва боигариҳои халқро дар бар мегирад.

Инчунин осорхона дорои шуъбаҳои ҷамоати ибтидоӣ, асрҳои миёна, илмӣ- маърифатӣ, ҳунарҳои халқӣ ва замони муосир мебошад. Айни замон дар осорхона 1 000 адад ашёи гуногун мавҷуд мебошанд, ки ин дар эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат нақши калидӣ дорад.

Дар ошёнаи сеюми иншооти тозабунёд — Мактаби мусиқии бачагона ҷойгир буда, он дорои 11 синфхона, ба монанди танбӯр, назарияи мусиқӣ, рубоб, ғиҷҷак, фортепиано, доира, чанг, утоқҳои корӣ, толори барҳавои намоиши консертӣ мебошад.

Дар мактаби мазкур 10 нафар омӯзгори баландихтисос ба кор ва маоши доимӣ барои фаъолият ҷалб гардидаанд. Айни замон дар мактаби мусиқӣ зиёда аз 100 нафар наврасони хуштолеъи даврони соҳибистиқлолии Ватан бо 10 номгӯй асбоби мусиқии миллӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Сокинони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бо шукргузорӣ ифтитоҳи чунин иншооти фарҳангӣ-илмӣ ва маърифатиро ғамхории навбатии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти боло бурдани сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ ва илмомӯзии насли ояндасозу пешбарандаи давлату миллат баён намуданд.

Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар иншооти мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, зимни баромади хеш ба аҳли фарҳанг, омӯзгорон ва масъулин дар кору фаъолияташон барору комёбиҳо орзу карданд. Даъват ба амал оварданд, ки бо фароҳам овардани чунин шароити васеъи корӣ ва муосир дар тарбияи насли ояндасози кишвар масъулияти бештар зоҳир намуда, барои ояндаи дурахшони Ватан ҷавонони боистеъдоду мутахассисони сатҳи ҷаҳониро тарбия намоянд.

Ба китобхонаи мазкур, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 400 адад адабиёти тозанашри адибони тоҷик туҳфа карда шуд. Инчунин ба мактаби мусиқии бачагонаи рақами 2-и ноҳияи Спитамен 40 адад асбобҳои мусиқии гуногуни миллӣ тақдим гардид.

Ифтитоҳи бинои нави китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқӣ дар ноҳияи Спитамен 01.04.2019

Апрель 1, 2019 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланд «Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони «Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Одил Рено-Бассо мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Миннихановро ба ҳузур пазируфтанд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон