Имрӯз дар шаҳри Москва Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 15.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 17 апрели соли 2019 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия таҳти унвони «Роҳҳои умумӣ барои иқтисодиёти оянда» Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, форуми мазкур дар доираи баргузории 7 –умин конференсияи ҳамкории минтақавии Россияву Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар он шумораи зиёди ҷавонони Россияву Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Дар доираи Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолияти соҳибкории ҳарду кишвар ва рушди соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Ҳамзамон дар он ба имзорасии созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Россия дар назар дошта шудааст.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






