Имрӯз дар шаҳри Москва Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон оғоз мешавад

Апрель 15, 2019 08:28

ДУШАНБЕ, 15.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 17 апрели соли 2019 дар шаҳри Москваи Федератсияи  Россия  таҳти унвони «Роҳҳои умумӣ барои иқтисодиёти оянда» Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон баргузор мегардад.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, форуми мазкур  дар доираи баргузории 7 –умин конференсияи ҳамкории минтақавии Россияву Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар он шумораи зиёди  ҷавонони Россияву Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Дар доираи Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолияти соҳибкории ҳарду  кишвар ва рушди соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Ҳамзамон дар он ба имзорасии созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Россия дар назар дошта шудааст.

Апрель 15, 2019 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн