Имрӯз — Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа. Ин бемории сироятӣ асосан тавассути нешзании хомӯшакҳои вараҷаовар ба шахси солим мегузарад

Апрель 25, 2019 10:50

ДУШАНБЕ, 25.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Аз байн бурдани бемории вараҷа аз  ман оғоз мешавад» — таҳти ин шиор 25 апрел дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа  таҷлил мегардад.  Ин сана дар 60-умин ҷаласаи Ассамблеяи байналмилалии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ моҳи майи соли 2007 қабул гардида, ҳадафи асосии он андешидани чораҳои самарабахш ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди бемории вараҷа  мебошад.

Бояд зикр намуд, ки ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 400 ҳазор нафар аз  ин беморӣ мефавтад. Беш аз 90% ҳодисаҳои бемории вараҷа ба давлатҳои Африқо рост омада, аз ин беморӣ сокинони кишварҳои Осиё, Амрикои Лотинӣ, Шарқи Наздик ва ҳатто Аврупо низ сироят меёбанд.

Дар робита ба ин мавзӯъ мухбири АМИТ «Ховар» бо табиби бемориҳои сироятии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ» Иброн Шоҳзода ҳамсуҳбат гардид. Номбурда дар ин маврид андешаҳояшро чунин иброз дошт:

 -Агар вазъи эпидемиологии бемории вараҷаро  дар ҷумҳурӣ баррасӣ намоем, бо эҳсоси масъулияти баланд метавон изҳор намуд, ки мо имрӯз дар мубориза бо  ин беморӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаем.  Ин муваффақият  бо  дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  тадбиқи саривақтии Барномаҳои миллии мубориза бо бемории вараҷа ба даст омадааст.

Дар  ин ҷода   кори аз ҳама муҳим — дарёфти саривақтии интиқолдиҳандагони бемории вараҷа маҳсуб мешавад. Дар  аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмоишгоҳҳои ташхисӣ бо истифода аз дастгоҳҳои замонавӣ  ба фаъолият оғоз намуданд. Савияи дониш ва дараҷаи тахассусии табибону ташхисгарони бахши вараҷа  баланд бардошта шуд. Манбаъҳои асосии афзоиши хомӯшакҳои вараҷаовар  кам гардид. Ҳамчунин сатҳи маърифти тиббӣ ва дараҷаи огоҳии шаҳрвандон дар хусусии чигунагии бемории вараҷа, нишонаҳои хурӯҷ ва пешгирии аз он ба воситаи гузаронидани   чорабиниҳои зиёди иттилоотӣ ва маърифатӣ боло рафт.

Ҳама ин иқдомҳо сабаб шуд, ки бемории вараҷа ба дараҷаи қобили мулоҳиза коҳиш ёфт: агар дар соли 2008 шахсони  маризии вараҷадошта 317 нафар бошанд, пас соли 2018 ин нишондод то ба ҳадди 1 нафар  расид, ки он ҳам хусусияти интиқолӣ дошт.

Бояд зикр кард,  ки ташхиси вараҷа дар шуъбаҳои «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ» дар қаламрави Тоҷикистон ройгон амалӣ мегардад.

Ҳамасола  25 апрел дар   Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа  мутахассисони «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ»  ба ноҳияҳои сарҳадӣ-  Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, Панҷ, Ҳамадонӣ, Фархор, Ҷилликӯл ва Дӯстӣ рафта,  дар ҳамкорӣ бо кормандони зерсохторҳои ноҳиявии  худ  бо аҳолӣ вохӯриҳо мегузаронанд.  Дар бахши пешгирӣ аз бемории вараҷа  «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ» ва сохторҳои он, махсусан, ба ноҳияҳои сарҳадӣ таваҷҷуҳи бештар медиҳанд. Зеро маҳз ноҳияҳои ҳамасарҳад бо Афғонистон дар сафи аввали  минтақаи эҳтимолии сирояти вараҷа қарор доранд. Бинобар ин маъракаҳои асосии  мубориза ба муқобили вараҷа маҳз дар ҳамин ноҳияҳо барпо мешаванд.

Имсол низ мутахассисони Марказ дар ин ҷо   дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз бемории вараҷа, зарурати хушк сохтани кӯлмакҳои нодаркор, истифодаи пашшахонаҳо суҳбатҳо доир  менамоянд. Ба сокинон  роҷеъ ба ин масъалаҳо варақаҳо, овезаҳо, буклет ва баннерҳои ранга, ки аз тарафи кормандони Марказ омода ва бо дастгирии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ нашр гардидаанд,  пешниҳод мегарданд.

Боиси хушҳолист,   ки сатҳи ин беморӣ дар  кишвари ҳамсарҳад- Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сол то  сол коҳиш меёбад.   Агар  соли 2012 миқдори ҳодисаҳои сироят ба вараҷа дар ҳудуди ноҳияҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистон 26068   маротиба ба қайд гирифта шуда бошад,  соли 2017 ин рақам  3672 ҳодисаро дар бар мегирад.   Вале омили дигаре аст, ки зарурияти  гузаронидани чорабиниҳои зиддиварҷавиро дар ноҳияҳои сарҳадӣ ёдрас месозад. Ин мавҷудияти хомӯшакҳои вараҷаовар дар кишвари ҳамсоя мебошад. Вараҷа  бемории сироятӣ аст, ки асосан тавассути нешзании хомӯшакҳои вараҷаовар ба шахси солим мегузарад. Фоизи сироят ҳангоми хунгузаронӣ, истифодаи сӯзандоруҳои тамъизнашуда ва дар вақти таваллуд аз модар ба кӯдак   ангуштшумор аст.

Маҳз мавҷудияти  хомӯшакҳои вараҷаовар  дар Афғонистони ҳамсоя, моро водор месозад, ки барои ҳифзи дастоварди фавқулодда –  қатъи сирояти вараҷаи маҳаллӣ дар Тоҷикистон, ҳамеша омода бошем.    Муҳаққиқон дар 109 кишвари олам анофелес — хомӯшакҳои сироятовари вараҷаро дарёфт кардаанд. Аз ин далел чунин бармеояд, ки  марговартарин  ҷонвари   рӯи дунё на  мор асту  на тортанаки заҳрдор, на шеру на наҳанг, балки ҳамин ҳомӯшакҳои хунмак аст, ки бемориҳои  сироятиро паҳн мекунанд. Аз ҷумла, аз ҳама бештар паҳнкунандаи бемории  вараҷа ҳастанд.

Мусаллам аст, ки барои пешгирии  паҳншавии вараҷа,  шахси бемор табобат мешавад. Вале барои он, ки беморӣ  ба вуҷуд наояд, манбаҳои эҳтимолии пайдоиши вараҷаро бояд безарар кард. Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ» дар чорчӯбаи имконоти худ як силсила чорабиниҳоро ҷиҳати пешгирии вараҷа, сарфи назар аз набудани хурӯҷи он амалӣ намуд. Дар давоми соли 2018 дар 9901 хоҷагӣ,   ба  масоҳати  3306529 м2   заҳрдорӯ пошида шуд.

Ҳамчунин соли 2018 зиёда аз 232000 намунаи хун аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ карда шуда, бо усули микроскопӣ ва экспресс-тестӣ ташхис гардиданд. Миёни сокинон  роҷеъ ба роҳҳои  пешгирӣ  аз вараҷа суҳбатҳо барпо шуд. Вале ин  тадбирҳои созмонёфта барои пешгирии беморӣ, махсусан дар бахши безараргардонӣ  ночиз аст. Дар ин самт корҳо бояд вусъат дода шаванд, то ки эҳтимолияти аз нав барқароршавии ҳодисаҳои маҳаллӣ сари вақт пешгирӣ  гардад.

Агар  мо  чораандешиҳои фаъолу фавриро барои пешгирии вараҷа идома надиҳем,  ба манбаҳои  эҳтимолии хомӯшакҳои вараҷаовар сари вақт заҳрдорӯ напошем, хавфи бозгашти бемории вараҷа аз имкон дур нест.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Апрель 25, 2019 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Фархор кумак расонида шуд
Дар Деваштич дар мавзуи технологияи парвариши картошка машварати илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. То соли 2032 тамоми аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшокии мутамарказонидашуда таъмин мегардад
САЛОМАТИИ МИЛЛАТ — БОИГАРИИ АСОСИИ ДАВЛАТ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии бемориии гепатит чораҳои мақсаднок андешида мешаванд
ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ. Роҳбарони дастгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ такмили ихтисос намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Долонаи Ашт мактаб ва бунгоҳи тиббӣ сохта мешавад
Дар Душанбе вобаста ба нақши қонунҳои миллӣ дар таъмини зиндагии шоистаи мардум конференсияи илмӣ — назариявӣ доир гардид
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заминсоз» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаи ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Туркия бо мақсади рушди инфрасохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамкориро тақвият медиҳанд
Риояи талаботи муқаррароти қонунҳои миллӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ доир гардид