«НУРИ ИСТИҚЛОЛ». Драмаи Ҷумъа Қуддус дар озмуни ҷумҳуриявии драмнависон сазовори ҷой якум дониста шуд

Октябрь 30, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 30.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро, ки аз 1 март то  сентябри соли 2025 идома ёфт,  ҷамъбаст намуд. Пас аз баррасӣ ва муҳокимаи асарҳо,  ҳайати ҳакамон ҷойи якумро ба драмаи Ҷумъа Қуддус —  «Нури Истиқлол» сазовор донист.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  ҷойи дуюм ба мазҳакаи Абдувадут Файзиев «Дар орзуи шавҳар» ва ҷойи сеюм ба драмаи Нарзулло Шарифов «Доми ғафлат» дода шуд.

Инчунин се мукофоти ҳавасмандкунӣ ба драмаҳои Ато Ҳамдам «Нури мино», Шодӣ Солеҳ «Яке рафту саг ҷакид» ва Абдуғаффори Абдуҷаббор «Муқовимат» лоиқ дониста шуданд.

Ҳадаф аз баргузории ин озмун рушди драматургияи миллӣ, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ ва тарғиби санъати театрӣ дар мамлакат мебошад.

Ба озмун 19 асари таълифшуда  пешниҳод гардид. Тибқи талабони Низомномаи озмун,   ҳайати ҳакамон ба мавзӯю муҳтаво, ихтилофсозӣ, шиддатнокии хатти сюжа, образофарӣ ва дар маҷмуъ, ҷавобгӯй будан ба талаботи жанри драматургия бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Аз ҷониби Вазири фарҳанги мамлакат ғолибон ва иштирокдорони озмун дар Рӯзи театри тоҷик бо туҳфаҳои пулӣ ва Диплом сарфароз гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки драма жанри адабӣ (драмавӣ), саҳнавӣ ва кинематографист. Он махсусан дар адабиёти асрҳои 18 — 21 васеъ паҳн шуда, тадриҷан як жанри дигари драма — фоҷиаро иваз кард. Бо пайдоиши кино, драма низ ба ин намуди санъат гузашт ва ба яке аз жанрҳои паҳншудаи он табдил гардид.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 30, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид