Иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои ИДМ

Апрель 6, 2019 09:58

ДУШАНБЕ, 06.04.0219 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 5 апрели соли 2019 дар шаҳри Москва дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни ҷаласа Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистонро роҷеъ ба масоили муҳими рӯзномаи байналмилалӣ изҳор дошта, зарурати муттаҳидсозии саъю талошҳоро дар муқовимат бо таҳдидҳои муосир, аз ҷумла дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таъкид намуд.

Ҳамчунин, роҳбари ҳайати расмии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳамкорӣ миёни давлатҳои узви Иттиҳод дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Дар натиҷаи кори ҷаласа якчанд қарорҳо, аз ҷумла роҷеъ ба лоиҳаи Изҳороти сарони давлатҳои аъзои ИДМ ба муносибати 80 солагии оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон, Даъвати вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ дар бораи зарурати ҳифз ва нигоҳубини муносиб аз оромгоҳҳои низомӣ ва ёдгориҳои низомии ветеранҳои ҷанги ватании солҳои 1941-1945 ва лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи таҳқиқоти заминавии давлатҳои аъзои ИДМ  қабул карда шуд.

Апрель 6, 2019 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст