КӮМАК БА «КӮДАКОНИ ХУРШЕДӢ». Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аксияи хайриявӣ доир намуд

Апрель 11, 2019 14:57

ДУШАНБЕ, 11.04.2019./АМИТ «Ховар»/. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон якҷояи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд    аксияи хайриявии «Хушбахтии тифлона барои «Кӯдакони хуршедӣ»-ро доир намуд. Он 10 апрел дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд ҷамъбаст карда шуд, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз шаҳри соҳили Сир.

Маълум гардид, ки  иқдоми мазкурро аъзову фаъолони ҳизб самимона ҷонибдорӣ кардаанд. Дар аксия зиёда аз 1000 нафар намояндагони идораву муассисаҳо ва шахсони алоҳида иштирок карда, ба кори хайр шарик шуданд. Дар охири аксия маълум гардид, ки дар сандуқи хайриявӣ наздики 14000 (чаҳордаҳ ҳазор) сомонӣ маблағи хайриявӣ ҷамъ гардидааст. Маблағҳои ҷамъшуда барои табобату кӯмак ва умуман солимии «кӯдакони хуршедӣ» сарф карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар аксияи «Хушбахтии тифлона барои “Кӯдакони хуршедӣ» ҳудуди 50 нафар кӯдакони дорои синдроми Даун, ё худ «кӯдакони хуршедӣ» ҳамроҳ бо волидону наздиконашон иштирок карданд. Баҳри онҳо барномаҳои ҷолиби фарҳангиву фароғатӣ ба роҳ монда шуда, ҳамзамон, намоиши аксҳои кӯдакон, маҳорати расмкашиву ҳунармандии «кӯдакони хуршедӣ» манзур карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки синдроми Даун  ба ифтихори табиб Ҷон   Лэнгдон Даун, ки нахустин бор соли 1862 ин бемории ирсии руҳиро ошкор намудаст, чунин ногузорӣ шудааст. Кӯдакони гирифтори ин бемориро беваҷҳ «кӯдакони хуршедӣ» намегӯянд – ба онҳо хушҳолию меҳрубонии бештар  аз кӯдакони солим   хос аст.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки  чунин аксияҳоро мунтазам амалӣ гардонида, дар солимии ҷомеа, махсусан, насли наврас ҳиссагузор гардад, зеро ин  самт дар барномаи ҳизб  яке аз нуктаҳои муҳим пазируфта шудааст.

Апрель 11, 2019 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд