Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер
ДУШАНБЕ, 26.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар вохурии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер масъалаҳои густариши ҳамкории созанда дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои соҳавӣ, ифтитоҳи корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, илм, фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ муҳокима карда шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи соҳаи муҳимтарини равобити Тоҷикистону кишвари аврупоии Швейтсария — ҳамкорӣ баҳри рушд изҳори қаноатмандӣ карданд.
Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер дар навбати худ изҳор дошт, ки мо бо Тоҷикистон ҳамчун кишвари калидӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамкории хуб дорем ва оянда ҳам кушиш мекунем ин ҳамкориро бар нафъи мардумонамон идома диҳем.
Ҷонибҳо зимни вохурӣ дар бораи фаъолсозии муколамаи сатҳи олии сиёсӣ, нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои барои ҳар ду кишвар судманд, пурзур кардани низоми бонкӣ, барқарорсозии алоқаи мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистону Швейтсария ҳамчун омили муҳими тавсеаи ҳамкорӣ баҳри густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, таҳкими робитаҳо дар арсаи байналмилалӣ, дар доираи ташкилотҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, табодули андеша карданд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти конфедератсияи Швейтсария даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оранд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






