Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо роҳбари барномаи рушди нерӯи инсонии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Миёна мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 26.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории молиявию иқтисодии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хаӣринисо Юсуфӣ бо роҳбари барномаи рушди нерӯи инсонии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Миёна Сузанна Хайрапетян мулоқот анҷом дод.
Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ муҳокима гардид.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ташкилоту идораҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи сиёсати иқтисодӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид.
«Хайриниссо Юсуфӣ аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти паст кардани шиддати таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёт ва тақвият бахшидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ёдовар шуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда низ шарикони рушди Тоҷикистон дар доираи афзалиятҳои стратегии худ бо дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи иқтисодию молиявӣ нақши муносиб мегузоранд», — иттилоъ дод манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки ҷонибҳо оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва ҳифзу ҳимояи кӯдакон дар қонунгузориҳои Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






