МУТАХАССИСОНИ АКАДЕМИЯИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН – ДАР ВЕБИНАР! Онҳо дар онлайн- конференсияи байналмилалӣ оид ба проблемаҳои тафтиши пешакӣ ширкат намуданд

Апрель 5, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 05.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни ҳамкории дуҷониба мувофиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар шаҳри Уфа ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 апрел мутахассисони Академияи ВКД дар онлайн-конференсияи (ё худ вебинари) байналмилалӣ дар мавзӯи  «Хусусиятҳои пешбурди тафтиши пешакӣ дар давраи муосири инкишофи мурофиаи ҷиноятии Россия», ки дар шаҳри Уфаи ФР  баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар ин бора  мухбири  АМИТ «Ховар» Шаҳло САДРИДДИН хабар медиҳад.

Тавре аз Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конференсия мутахассисони соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус, Академияи ВКД Россия дар шаҳри Нижний Новгород, Донишкадаи ҳуқуқшиносии Уралии ВКД Россия, Донишгоҳи ВКД Россия ба номи В.Я.Кикоти шаҳри Москва, инчунин профессорону омӯзгорони факултетҳои №2 ва 6-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар конференсияи мазкур ҷанбаҳои ҳуқуқии фаъолияти муфаттиш, масъалаҳои дар раванди мурофиаи ҷиноятӣ гирифтани маълумоте, ки сирри махфии қонунӣ дорад, проблемаҳои мустаҳкам будани мақомоти тафтиши пешакӣ ва дигар масъалаҳои мурофиаи ҷиноятӣ баррасӣ шуданд.

Дар онлайн -конференсия сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД ҶТ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Р.Р. Раҳматҷонзода оид ба мавзӯи «Масъалаҳои тафтиши пешакие, ки ҳалталабанд», маърӯза намуд. Баъд аз анҷоми маърӯза аз тарафи олимон ба маърӯзачӣ оид ба хусусиятҳои ҷараёни тафтиш ва таҳқиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо пешниҳод шуданд.

Гуфта мешавад, ки аз рӯи натиҷаҳои онлайн-конференсия маҷмӯаи алоҳидаи маърӯзаву мубоҳисаҳо ва тадқиқотҳо ба нашр расонида мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки онлайн-конференсия ё худ вебинар аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки бо истифода аз web-технологияҳо  ба таври пахши мустақим   ба роҳ монда шуда, яке аз василаҳои пурсамари муоширати бевоситаи корбарони интернет бо созмондиҳандагон ва ширкаткунандагони  конференсия маҳсуб мешавад ва аз нишасти матбуотии муқарраррӣ бо ҳамин фарқ мекунад.

Апрель 5, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид