ОБУ ҲАВО: имрӯз ҳавои Тоҷикистон боронӣ мешавад

Апрель 16, 2019 08:07

ДУШАНБЕ, 16.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок  шуда, борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Танҳо  дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 5-10 ва  рӯзона 15-20  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои абрнок шуда, борон меборад.  Дар баъзе ноҳияҳо шиддати борон дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8,  дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15  ва  рӯзона 15-20 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10   ва  рӯзона  10-15  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борон шиддат гирифта, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17  ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  9-14   ва   рӯзона 11-16 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ   ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борон пуршиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола низ дар назар аст.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-16  ва рўзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 6-11  ва  рўзона 12-17  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе  абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе мавридҳо борон шиддат гирифта, раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо  суръати 3-8  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 11-13  ва рӯзона  17-19  дараҷа гарм мешавад.

Апрель 16, 2019 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд