ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад

Апрель 18, 2019 08:12

ДУШАНБЕ, 18.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда  шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 3-8 ва  рӯзона 14-19  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   1-6 дараҷа сард шуда, рӯзона  10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ  бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 15-20 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва  рӯзона 23-28 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7   ва  рӯзона  14-19  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14  ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  7-12   ва   рӯзона 20-25 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Танҳо шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар ағбаҳо туман мефарояд.   Ҳаво  дар водиҳо шабона 8-13  ва рўзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 4-9  ва  рўзона 17-22  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе  тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  шабона 8+10  ва рӯзона 25-27 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 18, 2019 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд