Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 20.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои миллат бо шароити таълимгоҳ шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд.
Мавриди зикр аст, ки муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Иқбол Сафаров — директори генералии ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” пурра аз нав бунёд гардида, он аз чор ошёна, таҳхона ва се бино иборат аст ва бо назардошти стандартҳои муосири меъморӣ бунёд ёфтааст.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта, барои 2400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншооти нав дорои 51 синфхона ва 38 утоқи дигари ёрирасон мебошад.
Дар таълимгоҳ муосиртарин шароит барои илмомӯзӣ фароҳам гардида, синфхонаҳои алоҳида барои фанҳои биология, химия, омодагии дифои ҳарбӣ ва геометрия ташкил карда шудаанд. Ҳамчунин дар мактаб утоқҳои алоҳидаи лабораторӣ бунёд ёфта, барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун асбобу аёнияти дарсӣ насб гардидаанд.
Аснои шиносоӣ ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 ба ҳунаромӯзии толибилмон таваҷҷуҳи хосса дода шуда, утоқҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона, ки бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст, кушода шудаанд. Дар ин ҷо толибилмон дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани сару либос ва тарзи омода намудани ҳар гуна таомро меомӯзанд. Ҳамчунин барои дӯстдорони санъати тасвирӣ синфхонаи алоҳидаи дарсӣ, ки дар он нозукиҳои рассомӣ омӯзонида мешаванд, ташкил гардидааст. Дар ин баробар, китобхонаи барҳаво бунёд ёфта, китобхонаи электронии муассиса бо 20 адад компютер ва хати баландшиддати интернет таъмин гардидааст. Ҳуҷраи кории омӯзгорон низ бо компютерҳои ҳозиразамон таъмин мебошад.
Барои аз бар намудани технологияи муосир синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо муосиртарин дастгоҳҳои корӣ таъмин гардидааст.
Ҳамзамон бино дорои ошхона бо 160 ҷойи нишаст, толори варзишӣ дар масоҳати 420 метри мураббаъ бо 4 ҳуҷраи иловагӣ ва маҷлисгоҳ бо 380 ҷойи нишаст мебошад.
Бо мақсади ҳифзи солимии омӯзгорону толибилмон дар иншооти мазкур бинои алоҳидаи тиббӣ бунёд ёфта, он бо ҷиҳози зарурии кумаки аввалияи тиббӣ ва таҷҳизоти дандондармонии касбӣ таъмин гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот дар зарфи якуним сол ҷараён ёфта, атрофи он бо гулу буттаҳои ороишӣ ва нишастгоҳҳо таъмин гардидааст.
Ба хотири оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар ҳавлии муассисаи таълимӣ ду майдони варзишии муосир дар масоҳати 540 метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Майдончаҳо барои бозиҳои футбол, волейбол ва варзиш пешбинӣ гардида, мутобиқ ба стандартҳои муосир сохта шудаанд.
Дар ҳудуди таълимгоҳ ду адад трансформатори баландшиддати барқӣ насб гардида, ҳамчунин иншоот ба системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда пайваст мебошад.
Аснои шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдомҳои соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ карданд.
Пас аз ифтитоҳи муассиса, Пешвои муаззами миллат дар толори барҳавои он бо аҳли маорифи пойтахт мулоқот намуда, хонандагону омӯзгоронро ба истифодаи шароити муосири илмомӯзӣ ҳидоят карданд.
Таъкид гардид, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълимӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои замонавии таълим дар кишвар бунёди садҳо муассисаи таълимӣ бо назардошти талаботи замон идома доранд ва то таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати бештари онҳо мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






