Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 26.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел дар шаҳри Пекин дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дар ҳошияи иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқот робитаҳои феълӣ ва дурнамои ҳамкории кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, ки бар асоси принсипҳои ҳусни тафоҳуму эътимод дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳавасмандии худро барои татбиқи санадҳои муҳими байни Тоҷикистон ва Покистон имзошуда, ки муносибатҳои кишварҳоро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, иттилоот, фарҳангу маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ ва ҳамкории амниятӣ танзим менамояд, иброз доштанд.
Барои Рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ идомаи фаъолияти самарабахш, тавсеаи кори Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, баргузории ҷаласаҳои Шӯрои муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон, гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, масъалаҳои энергетика ва зерсохтор муҳим шумурда шуд.
Татбиқи лоиҳаи таърихии “CASA-1000” намунаи барҷастаи робитаҳои дуҷониба номида шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро дар арсаи амният, таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ, мубориза алайҳи таҳдидҳои ҷаҳонӣ — терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, пурзур кардани ҳифзи марзи давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, баррасӣ карданд.
Ҳар ду ҷониб тарафдории худро барои таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ иброз доштанд.
Изҳори итминон карда шуд, ки иштироки ҷониби Покистон дар Саммити 5-уми давлатҳои аъзои Машваратҳои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ҳамкории муштарак дар чаҳорчӯби ин иҷлосияи сатҳи олӣ, ба таъмини сулҳу субот, амният ва татбиқи тадбирҳои эътимод дар минтақаи Осиё ва дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории созанда мусоидат хоҳад кард.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






