«РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА» ДАР БОХТАР. Он ба намоиши ҳақиқии ватандӯстӣ, ҳамовозӣ ва ҳамият бадал ёфт

Апрель 5, 2019 09:58

ДУШАНБЕ, 05.04.2019./АМИТ «Ховар»/. Мавсими сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Бо ин мақсад таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» дар варзишгоҳи нави Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носир Хусрав барномаи фарогир ва хотирмон сурат гирифт, гузориш медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази маъмурии вилояти Хатлон.

Дар ин рӯз ҷавонони даъватшаванда аз назди бинои камисарияти ҳарбии вилояти Хатлон то назди муҷасами Шоҳ Исмоили Сомонӣ омада, чун разми эҳтиром гулчамбар гузоштанд. Сипас, раҳпаймои ҷавонони даъватшаванда то макони баргузории идома кард.

Дар ҳамоиш Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, роҳбарияти шаҳри Бохтар, намояндагони ташкилоту муасисаҳои дахлдор, комисарони шаҳру навоҳӣ бо гурӯҳи ҷавонони даватшаванда, волидайни наваскарон, омӯзгорону толибилмони муасисаҳои таълимии шаҳри Бохтар иштирок намуданд.

Комисари ҳарбии вилояти Хатлон Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқараргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ба самъи ҳозирин расонид. Сипас, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, вобаста ба мақоми ҳомиёни ватан дар мавриди таъмини амнияту осудагии ҷумҳурӣ, беҳдошти вазъи хизмати ҳарбиёну сарбозон сухан ронд ва изҳори фараҳмандӣ намуд, ки ҷавонони имрӯз бо ҳисси баланди ватандорӣ, баҳри ободиву осоиштагии Ватан-Модар сарбаландона хизмати ҳарбиро ба ҷо меоранд.

Тавре зикр карда шуд, хизмат дар сафи Артиш, ҳимоя аз марзу буми Ватан- Модар ҳамеша мояи шараф ва ифтихори ҳар як фарди боору номус ва ватанхоҳ буд, ҳаст ва ин рисолат то абад боқӣ мемонад. Аз таърих ва осори гузаштагон медонем, ки ба сафи артиш танҳо ҷавонони ғаюру шуҷоатманд ҷалб карда мешуданд ва ин анъана имрӯз низ давом дорад. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми ориёиасл соҳиби таърихи куҳан, дорои сипоҳи бонизому машқдида буда, худро аз душман далерона дифо мекунад.

Айни замон маҳорати ҷангӣ ва қобилияти касбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, Артиши миллӣ дар муқоиса ба солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба нерӯи тавоное табдил ёфтааст. Дар давраи мавҷудияташ артиш собит кард, ки ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат дар таъмини сулҳу субот нақши муассир дорад.

Бо дастгирии роҳбарияти Олии кишвар ва бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон айни замон мушкилоти марбут ба шароит ва таъминоти моддии сохторҳои низомӣ ҳаллу фасл гардида, сохтмон ва азнавсозии инфросохтори қисмҳои низомӣ вусъат меёбад. «Пас дар чунин шароит ҳар ҷавони бонангу номусро зарур аст, ки дар иҷрои қарзи шаҳрвандии худ, яъне хизмат ба Ватан – Модар таъхир накарда, ба ҳифзи марзу буми сарзамини хеш камар бубандад», — изҳор намуд Раиси вилоят.

Дар ҳамоиш яке аз сарбозоне, ки ҳоло дар яке аз қисмҳои низомии ҳудуди вилоят хизмати Ватанро адо мненамояд ва падари яке аз даватшаандаҳо ба сухан баромада, иброз доштанд, ки имрӯз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусалаҳи кишвар беҳтару хубтар гаштааст ва падару модаронро ба он даъват намуданд, ки фарзандонашонро дар руҳияи и ватандӯстӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар тарбия намоянд ва ба камол расонанд.

Аз симои ҳар яке аз садҳо нафар даъватшавандагон, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъ омада буданд, баръло эҳсос мешуд, ки онҳо барои бо шуҷоат ва садоқат адо намудани хизмати Ватан омода ҳастанд.
Дар ин рӯз Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар вазияти мутантан ба даъватшавандагон туҳфаҳои хотиравӣ супорид. Сипас барномаи фарҳангии ҳунармандони вилояти Хатлон бахшида ба «Рӯзи даватшаванда» ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши ҷамомадагон карда шуд, ки хело ҷолибу хотирмон арзиёбӣ гардид.

Дар интиҳо бо дуо ва шодбоши роҳбарияти вилоят ва волидайн наваскарон тавасути қатораи мошинҳо ба қисмҳои низомӣ раҳсипор гардиданд…

 

 

Апрель 5, 2019 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?