«Саҳми ман дар шаҳри ман»-таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиши умумишаҳрии ҷавонон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 апрели соли равон бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамоиши умумишаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» баргузор гардид.
Тавре корманди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Маҳкамбой Гулов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, иқдоми мазкур дар доираи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 апрели соли 2019 «Дар бораи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе» ба нақша гирифта шудааст. Мақсад аз роҳандозӣ намудани ҳамоиши мазкур тозаву озода намудани шаҳри Душанбе ва дар сатҳи баланду зарурӣ баргузор намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ба иттилои манбаъ, ҳамоиши умумишаҳрии ҷавонон бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва бахшҳои ноҳиявии он ба роҳ монда шуд. Дар он кормандони ҷавони ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, намояндагони соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф, варзиш, истиқоматкунандагони хобгоҳҳо иштирок намуда, кӯчаву гулгашт, боғҳо, каналу ҷӯйбор, майдончаҳои варзишӣ, муассисаҳои таълимӣ, бемористон ва оромгоҳҳои ҳудуди шаҳри Душанберо тоза намуданд.
Иқдоми мазкур ба хотири тарбияи хуб, рӯ овардани ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, расидан ба қадри моликияти ҷамъиятӣ ва татбиқи муқаррароти Маромномаи сокини пойтахт гузаронида шуда, тайи ду рӯз дар он беш аз 25 ҳазор нафар наврасону ҷавонон фаъолона ширкат намуданд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






