«Саҳми ман дар шаҳри ман»-таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиши умумишаҳрии ҷавонон баргузор гардид

Апрель 16, 2019 08:33

ДУШАНБЕ, 16.04.2019 /АМИТ «Ховар»/.  13-14 апрели соли равон бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамоиши умумишаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» баргузор гардид.

Тавре корманди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе  Маҳкамбой Гулов ба АМИТ  «Ховар» хабар дод, иқдоми мазкур дар доираи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 апрели соли 2019 «Дар бораи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе» ба нақша гирифта шудааст. Мақсад аз роҳандозӣ намудани ҳамоиши мазкур  тозаву озода намудани шаҳри Душанбе ва дар сатҳи баланду зарурӣ баргузор намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамоиши умумишаҳрии ҷавонон бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва бахшҳои ноҳиявии он ба роҳ монда шуд. Дар он  кормандони ҷавони ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, намояндагони  соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф, варзиш, истиқоматкунандагони хобгоҳҳо иштирок намуда, кӯчаву гулгашт, боғҳо, каналу ҷӯйбор, майдончаҳои варзишӣ, муассисаҳои таълимӣ, бемористон ва оромгоҳҳои ҳудуди шаҳри Душанберо тоза намуданд.

Иқдоми мазкур ба хотири тарбияи хуб, рӯ овардани ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, расидан ба қадри моликияти ҷамъиятӣ ва татбиқи муқаррароти Маромномаи сокини пойтахт  гузаронида шуда, тайи  ду рӯз дар он  беш аз 25 ҳазор нафар наврасону ҷавонон фаъолона ширкат намуданд.

Апрель 16, 2019 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад