Сафири Тоҷикистон ба Президенти Литва эътимоднома супорид
ДУШАНБЕ, 26.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Литва Маҳмадшариф Ҳақдод 23 апрели соли равон эътимодномаи хешро ба Президенти Ҷумҳурии Литва хонум Даля Грибаускайте супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаҳорчӯби маросими мазкур мулоқоти Сафир М.Ҳақдод бо Президент Д.Грибаускайте доир гардид. Дар мулоқот Маҳмадшариф Ҳақдод аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон саломи самимона ва таманниёти боло бурдани ҳамкорӣ байни ду кишварро ба Президенти Ҷумҳурии Литва хонум Даля Грибаускайте расонд. Ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.
Президенти Литва изҳори итминон кард, ки бо оғози фаъолияти Сафир сатҳи ҳамкории тарафайн боло рафта, муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Литва густариш хоҳанд ёфт.








Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд






