Сатҳи ҷинояткорӣ дар шаҳри Душанбе миёни ноболиғону ҷавонон коҳиш ёфтааст

Апрель 15, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 15.04.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Давоми се моҳи сипаригардида дар ҳудуди пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе 1133 ҷиноят ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 59 ҷиноят кам аст.

Дар ин бора зимни ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти семоҳаи аввали соли равон, ки таҳти роҳбарии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душнбе  Шариф Назарзода баргузор гардид, гуфта шуд.

Тавре аз Раёсати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа зикр гардид, ки дар ҳамаи самтҳои фаъолияти фаврӣ-хизматӣ милитсияи пойтахт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, фоизи ошкорёбии ҷиноятҳо низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баланд гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва ҷинояту ҷинояткорӣ, махсусан муноқиша ва авбошиҳои гурӯҳӣ миёни ноболиғону ҷавонон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти милитсияи пойтахт ба ҳисоб меравад. Дар ин замина ҷиҳати пешгирии ин омили номатлуб аз ҷониби роҳбарияти милитисияи пойтахт тадбирҳои дахлдор андешида шудаанд, ки тавассути онҳо сатҳи ҷинояткорӣ миёни ин қишри ояндасози ҷомеа низ ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Зимни баргузории машварати фаврӣ зикр гардид, ки давоми се моҳи соли сипаригардида аз ҷониби ноболиғон 42 ҷиноят ба кайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 59,2 % кам ё худ 61 адад кам мебошад. Ин нишондиҳанда бевосита аз дуруст ба роҳ мондани амалиёти профилактикӣ ва суҳбату вохӯриҳои судманд ба даст омадааст.

Апрель 15, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад