Шаҳрвандони муқими Арабистони Саудӣ фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум намуданд
ДУШАНБЕ, 12.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чуноне ки қаблан иттилоъ дода будем, Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода ва сарходими маркази Синошиносии Академияи илмҳои ҶТ Саидраҳмон Сулаймонов ҷиҳати ширкат дар «Конфронси нахустини арабшиносии Осиё» ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар кардаанд.
Дар ҳошияи конфронс Файзулло Баротзода, Саидраҳмон Сулаймонов дар якҷоягӣ бо Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо донишҷӯёни тоҷик, шаҳрвандони муқими ШАС ва аъзоёни «Анҷумани тоҷикони Мадинаи Мунаввара» вохӯрӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ Ф.Баротзода доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти кишвар, рушду босуботи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳамзамон оид ба худшиносию худогоҳӣ, ҳушёрии сиёсии ҷавонон суханронӣ кард. Ф.Баротзода ба донишҷӯёни тоҷик хитоб карда, таъкид дошт, ки фирефтаи ҳизбу гурӯҳҳои бо ном «исломӣ» нашуда, масъалаҳои эътиқодӣ ва фарҳангиро аз сарчашмаҳои муътамад дарёфт намоянд.
Илова бар ин, Ф.Баротзода оид ба пайдоиши ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл кард. Ӯ зикр намуд, ки тамоми рӯҳониёни машҳури тоҷик аз аввали пайдоиш то ҳол таъсиси ташкилоти мазкурро қабул надоштанд, онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи зиддимиллӣ ва бар хилофи мазҳаби Имом Абуҳанифа медонанд. Баротзода илова кард, ки маҳз фаъолияти тахрибии ТТЭ ҲНИ сабабгори асосии сар задании ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буда, монеаи пешрафти иқтисодиёт, илм ва фарҳанг дар Тоҷикистон гаштааст.
Роҳбарони ҲНИ иродаи мардуми мусулмон ва рӯҳониёни мазҳабиро сарфи назар карда, тавассути таблиғоти идеологии ифротӣ ва дастгирии молиявии хоҷагони хориҷии худ ба ҳаёти сиёсии мамлакат ворид шуданд ва дар муддати кӯтоҳтарин оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхтанд. Инчунин аз ҷиноятҳо, кӯшиши табадуллоти моҳи сентябри соли 2015 ва дигар амалҳои душманонаи аъзоёни ҲНИ ба ҳозирин маълумоти муфассал дода, ҷавононро ба илмомӯзӣ, дӯст доштани меҳан, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва динии халқамон ҳидоят намуд.
Аз ҷониби аҳли нишаст суханронии Ф.Баротзода мусбӣ арзёбӣ гардида, қайд намуданд, ки мо тоҷикони муқими ШАС фаъолияти ташкилоти террористии ҲНИ-ро пурра маҳкум карда, омодагии хешро ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар кишвар баён медорем ва омодаем барои рушду нумуи кишварамон саҳми назарраси худро гузорем.








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






