Шариф Назарзода: «Содиршавии ҷиноятҳои вазнин дар пойтахти мамлакат коҳиш меёбад»

Апрель 19, 2019 09:50

ДУШАНБЕ, 19.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» вобаста ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа, махсусан норасоиву камбудиҳо дар соҳаи тандурустӣ ва гирифторшавии шаҳрвандон ба бемориҳои гуногун бо кормандони соҳаи тандурустӣ суҳбати озод баргузор гардид.

Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода ва роҳбарони тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва дигар масъулини соҳаи тандурустии пойтахт ширкат намуданд.

Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки имрӯз бо сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳматҳои шабонарӯзии Раиси шаҳри Душанбе маркази Тоҷикистон торафт зебову шукуфон гашта, барои сокинонаш шароити хуби фаъолият ва зиндагии осоишта фароҳам гардидааст. Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иҷтимоии аҳолӣ, махсусан соҳаи тандурустӣ бо ба истифода додани биноҳои замонавии марказҳои саломатӣ ва ворид гардидани таҷҳизоти беҳдошти муосир тибби тоҷик пеш меравад.

Дар мулоқот сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода доир ба масъалаҳои мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихиву фарҳанг ва худшиносиву худогоҳӣ, пешгирии содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҷавонон, аз ҷумла ба рафтори ноболиғону хонандагони муассисаҳои таълимӣ мусоидаткунанда, муноқиша ва авбошиҳои гурӯҳӣ, муборизаи дастаҷамъона бурдан бар зидди ҷиноятҳои ахлоқӣ ва бемориҳои сироятии аз ин роҳ бавуҷудоянда, истифодаи ваколатҳои табибону духтурон ва кулли кормандони соҳаи тандурустӣ ҳамчун табақаи пешсафи ҷомеа дар бунёди муҳити ҷомеаи солим ҳарф зад.

Шариф Назарзода иброз дошт, ки «аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе таҳия ва қабул гардидани қарор «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе» ва ташкили гурӯҳҳои корӣ дар доираи амалиёти маърифативу профилактикии «Одоби шаҳрнишинӣ» саривақтӣ ва бамаврид мебошанд. Давоми соли охир дар натиҷаи татбиқи он вазъи ҷинояткорӣ дар тамоми самтҳо тамоюли камшавӣ дошта, содиршавии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин низ бамаротиб дар пойтахти кишвар коҳиш ёфта истодааст».

Дар анҷоми мулоқот иброз гардид, ки баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳои озод ба пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа, баланд гардидани маърифати ҳуқуқиву шаҳрдории сокинони пойтахт, ҳамзамон решакан намудани кирдорҳои ғайриахлоқӣ дар байни шаҳрвандон ва норасоиву камбудиҳои соҳа мусоидат менамояд.

Апрель 19, 2019 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд