Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Давҳа бо фаъолияти маркази «Мол Қатар» шинос шуд

Апрель 6, 2019 15:22

ДУШАНБЕ, 06.04.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмӣ дар Давлати Қатар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати ҳамроҳони ӯ вакилони Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода, Абдуғаффор Раҳмонзода ва Дилрабо Мансурӣ ба маркази тиҷоратии «Мол Қатар» (Mall of Qatar ) ташриф оварда, бо фаъолияти ин марказ шинос шуданд.

Тибқи  иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз Давлати Қатар, дар маркази тиҷоратии «Мол Қатар» Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯро Раиси иҷроияи ин маркази тиҷоратӣ Макрам Дарвозиев истиқбол намуда,  ба онҳо роҷеъ ба  таърихи ташаккул, фаъолият ва дастовардҳои «Мол Қатар» маълумоти мукамал дод.

Таъкид гардид, ки  дар маркази мазкур нуҳ бонки калонтарини ҷаҳон ва чаҳор ширкати сайёҳии байналмилалӣ намояндагиҳои худро ифтитоҳ намуда, бо Давлати Қатар ҳамкориҳои судмандеро ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин дар дохили ин марказ ширкати «Калифур» — яке аз пурнуфузтарин ширкатҳои дунё фаъолият менамояд,

Сохтмони қисмати дуюми бинои  «Мол Қатар» аз моҳи июли соли ҷорӣ оғоз гардида, тибқи нақша дар ин ҷо боз як меҳмонхонаи панҷситорадор, биноҳои истиқоматӣ барои 1200 ҷой, мактаби байналмилалӣ барои 1400 нафар толибилм  ва макони фарҳангӣ барои куӯакон сохта мешаванд.

Раиси иҷроияи ин маркази тиҷоратӣ Макрам Дарвозиев ҳамчунин иттилоъ дод,  ки тамоми он корҳое, ки мо анҷом  дода мешаванд, дар доираи    омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол,   ки соли 2022 дар Давлати Қатар  баргузор мегардад, сурат мегиранд.

Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот бо Раиси иҷроияи ин маркази тиҷоратӣ Макрам Дарвозиев иброз намуд, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон  сохтмони иншоотҳои бузурги ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, бо шарофати сиёсати бобарори иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама корҳои созандагию бунёдкорӣ амалӣ мегарданд.

Пас аз шиносоӣ бо маркази тҷоратии «Мол Қатар» Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо нишони эҳтиром нисбат  ба таъриху фарҳанг ва мардуми ин кишвар ба раиси ин марказ туҳфаи хотиравӣ супурда, ба ин кишвари ба мо дӯст шукуфоӣ ва ба халқи бародари Қатар саодатмандӣ орзу намуд.

ДАР АКС: Маркази тиҷоратии «Мол Катар»

 

Апрель 6, 2019 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ