Сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт Давлатбӣ Ёдгорова ғолиби озмуни «Беҳтарин армуғони сайёҳӣ» гардид
ДУШАНБЕ, 13.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин армуғони сайёҳӣ» баргузор гардид. Давлатбӣ Ёдгорова аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт соҳиби ҷои аввал ва ғолиби озмун дониста шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, озмуни мазкур бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021, бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳангу анъанаҳои миллӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ доир гардид.
Озмуни мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири ҷонибдорӣ аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳангу анъанаҳои миллӣ, пайдо намудани ҳунармандони асил ва рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур ҳунармандон аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе ва ташкилотҳои махсус иштирок намуда, сазовори мақоми дувум Афзал Давлатов аз ноҳия Исмоили Сомонӣ ва ҷойи сеюм Суҳроб Саидов аз ноҳияи Синои пойтахт гардиданд. Ҳамчунин дар фарҷоми озмун ба ғолибон ва иштирокчиён туҳфаҳои пешниҳоднамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим гардид.













Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






