Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи кори Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланди «Як камарбанд, як роҳ»

Апрель 27, 2019 10:05

ДУШАНБЕ, 27.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин кори Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланди «Як камарбанд, як роҳ» идома ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаҳои якум, дуюм ва сеюми мизи мудаввар дар доираи Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланди “Як камарбанд, як роҳ” ба Маркази ҳамоиши байналмилалии Хуайроу ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳоро дар майдони Ҳанчу Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин истиқбол гирифт.

Дар “Боғи тобистона” Сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин барои хотира аксбардорӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми мизи мудаввар таҳти унвони “Тавсеаи имкониятҳои ҳамкорӣ барои омӯзиши манбаъҳои рушд” иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба татбиқи ҳадафмандонаи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” аҳамияти хоса медиҳад ва омодааст бо тамоми кишварҳо дар доираи ин тарҳ ҳамкории судмандро ба роҳ монад.

Таъкид гардид, ки ин ташаббус метавонад барои Тоҷикистон манбаъи иловагии захираҳои молиявӣ дар роҳи татбиқи “Стратегияи миллии рушд дар давраи то соли 2030” ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор гардад.

Иштироки Тоҷикистон дар ин ташаббус ҳамчун кишваре, ки ба баҳр баромад надорад, барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рушди иқтидори транзитӣ мусоидат мекунад.

Ҳамзамон бо амалӣ кардани ин ташаббус имкон фароҳам меояд, ки Тоҷикистон ба бозорҳои нав роҳ ёбад ва тавассути долонҳои нав корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъсис диҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ таъкид карданд, ки максади мо аз рушди соҳаи нақлиёти-транзитӣ ин фароҳам овардани шароити мусоид барои хатсайрҳои байналмилалии нақлиётӣ дар роҳҳои мошингард, ҳавоӣ ва роҳи оҳан байни кишварҳоямон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки роҳҳои мошингарди шоҳроҳи “Чин — Тоҷикистон — Ӯзбекистон” ва “Чин — Тоҷикистон — Афғонистон” ба тарҳи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” ворид карда шавад.

Мо ҳамчунин лоиҳаи роҳи оҳани “Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон”-ро дастгирӣ мекунем ва ҷонибдори ба он ворид шудани кишварамон мебошем, таъкид карданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба андешаи Президенти мамлакат истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, канданиҳои фоиданок, рушди саноати куҳӣ, металлургияи ранга, истеҳсоли маҳсулоти сохтмон ва бахшҳои ояндадори кишоварзӣ, саноати сабук ва хурока метавонанд аз самтҳои дигари ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” бошанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки дар доираи татбиқи ин ташаббус мо метавонем рушди умумӣ ва сатҳи зиндагии мардумонамонро таъмин намоем.

Пас аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ки раисии ҷаласаи якуми мизи мудаввари Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланди «Як камарбанд, як роҳ»-ро ба уҳда дошт, ба Сарвари давлат барои иштироки фаъол ва пешниҳоди тадклифҳои судманд бар нафъи Тоҷикистон, Чин ва кишварҳои минтақа изҳори сипос кард.

Си Ҷинпин бори дигар аз хизматҳои арзандаи Эмомалӣ Раҳмон бар нафъи аҳли башар, талошу тадбирҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла иқдомҳои шоистаи ҳалли мушкилоти норасоии об, ҷонибдории Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ёдовар шуда, ба саҳми арзандаи Пешвои миллат баҳои баланд дод.

Иштирок дар идомаи кори Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланди “Як камарбанд, як роҳ” 27.04.2019

Апрель 27, 2019 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо истифодаи мақсадноки замин дар ҶДММ «Тоҷ Агро» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корхонаи истеҳсоли асфалту бетонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ даромадгоҳи деҳоти Панҷоб ва роҳи мумфаршгардидаро мавриди истифода қарор доданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Муассисаи томактабиро ифтитоҳ намуданд
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ифтитоҳи бинои Раёсати молия оғоз ёфт
Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз сомонаи АМИТ «Ховар» беш аз 4 миллион маротиба дидан кардаанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд