Тоҷикистон ва Россия Конференсияи ҳафтуми ҳамкории байниминтақавиро доир менамоянд

Апрель 15, 2019 10:07

ДУШАНБЕ, 15.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. 16 ва 17 апрели соли равон дар шаҳри Москва Конференсияи ҳафтуми ҳамкории байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон доир мегардад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Конфренсияи мазкур дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия бо мақсади вусъат додани ҳамкории амалӣ миёни минтақаҳо, соҳибкорон ва ташкилотҳои Тоҷикистону Россия гузаронида мешавад.

Ташкилкунандагони конференсия Вазорати рушди иқтисоди Россия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо дастгирии фонди “Росконгресс” мебошанд.

Дар доираи конфренсияи мазкур баргузории як зумра форумҳо ва суҳбатҳои “мизи гирд” бо фарогирии мавзӯъҳои муҳими самтҳои калидии ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар назар аст. Аз ҷумла, Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон таҳти унвони «Роҳҳои умумӣ барои иқтисодиёти оянда» бо фарогирии муҳокимаи мавзӯъҳои марбут ба ҳамкории ҷавонон, сайёҳӣ ва соҳибкории ҷавонон, суҳбатҳои “мизи гирд” зери унвонҳои «Ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, логистика, саноат, сармоягузорӣ ва тиҷорат» ва «Ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва фарҳанг» баргузор хоҳанд шуд.

Ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Дар кори “мизҳои гирд” намояндагони Вазорати маорифпарварии Федератсияи Россия, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректорони донишгоҳҳои Россия иштирок хоҳанд кард.

Дар фарҷоми  Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон «Роҳҳои умумӣ барои иқтисодиёти оянда» Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералӣ оид ба кор бо ҷавонони Федератсияи Россия ва Созишнома дар бораи вусъат додани ҳамкорӣ дар самти ҳамкории байналмилалии ҷавонон миёни Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон» ва Ташкилоти ҷамъиятии умумироссиягии «Иитифоқи ҷавонони Россия»  ба имзо расонида мешаванд.

Ҷаласаи пленарӣ бо иштироки намояндагони вазоратҳои рушди иқтисоди ҳарду кишвар аз чорабиниҳои муҳими ин конференсия хоҳад буд. Пас аз анҷоми ҷаласаи пленарӣ як зумра созишномаҳои дуҷониба ва ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Россия имзо хоҳанд шуд.

Интизор меравад, ки дар Конференсияи ҳафтуми ҳамкории байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон намояндагони баландпояи ду кишвар, доираҳои соҳибкорӣ, фаъолони ҷамъиятӣ ва коршиносон иштирок варзанд.

Ёдовар мешавем, ки Конференсияи шашуми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Россия 29 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир гардида буд.

ДАР АКС: Конференсияи шашуми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Россия, 29 майи соли 2018, ш. Душанбе

Апрель 15, 2019 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон