Тоҷикистон ва Россия Конференсияи ҳафтуми ҳамкории байниминтақавиро доир менамоянд
ДУШАНБЕ, 15.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. 16 ва 17 апрели соли равон дар шаҳри Москва Конференсияи ҳафтуми ҳамкории байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон доир мегардад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Конфренсияи мазкур дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия бо мақсади вусъат додани ҳамкории амалӣ миёни минтақаҳо, соҳибкорон ва ташкилотҳои Тоҷикистону Россия гузаронида мешавад.
Ташкилкунандагони конференсия Вазорати рушди иқтисоди Россия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо дастгирии фонди “Росконгресс” мебошанд.
Дар доираи конфренсияи мазкур баргузории як зумра форумҳо ва суҳбатҳои “мизи гирд” бо фарогирии мавзӯъҳои муҳими самтҳои калидии ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар назар аст. Аз ҷумла, Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон таҳти унвони «Роҳҳои умумӣ барои иқтисодиёти оянда» бо фарогирии муҳокимаи мавзӯъҳои марбут ба ҳамкории ҷавонон, сайёҳӣ ва соҳибкории ҷавонон, суҳбатҳои “мизи гирд” зери унвонҳои «Ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, логистика, саноат, сармоягузорӣ ва тиҷорат» ва «Ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва фарҳанг» баргузор хоҳанд шуд.
Ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Дар кори “мизҳои гирд” намояндагони Вазорати маорифпарварии Федератсияи Россия, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректорони донишгоҳҳои Россия иштирок хоҳанд кард.
Дар фарҷоми Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон «Роҳҳои умумӣ барои иқтисодиёти оянда» Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералӣ оид ба кор бо ҷавонони Федератсияи Россия ва Созишнома дар бораи вусъат додани ҳамкорӣ дар самти ҳамкории байналмилалии ҷавонон миёни Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон» ва Ташкилоти ҷамъиятии умумироссиягии «Иитифоқи ҷавонони Россия» ба имзо расонида мешаванд.
Ҷаласаи пленарӣ бо иштироки намояндагони вазоратҳои рушди иқтисоди ҳарду кишвар аз чорабиниҳои муҳими ин конференсия хоҳад буд. Пас аз анҷоми ҷаласаи пленарӣ як зумра созишномаҳои дуҷониба ва ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Россия имзо хоҳанд шуд.
Интизор меравад, ки дар Конференсияи ҳафтуми ҳамкории байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон намояндагони баландпояи ду кишвар, доираҳои соҳибкорӣ, фаъолони ҷамъиятӣ ва коршиносон иштирок варзанд.
Ёдовар мешавем, ки Конференсияи шашуми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Россия 29 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир гардида буд.









35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






