Тоҷикистону Россия ҳамкорӣ дар самти кор бо ҷавононро тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 16.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 15 апрел дар доираи баргузории Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо директори Агентии федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия Александр Бугаев баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Александр Бугаев ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ташриф ба Федератсияи Россия хайрамақдам гуфта, аз ҳамкории дуҷониба дар самти кор бо ҷавонон дар доираи сиёсати дурандешонаи роҳбарони давлатҳои ҳарду кишвар изҳори хушнудӣ намуд.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки ҳамкории муштаракаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон хуб ба роҳ монда шуда, Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия баргузор гардида истодааст, намунаи волои ин гуфтаҳост.
Ҷонибҳо барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва баргузории чорабиниҳои гуногуни муштарак ибрози назар намуданд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






