ВОКУНИШИ Кумитаи андоз вобаста ба изҳороти роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ оид ба тарифҳои алоқаи барқӣ

Апрель 2, 2019 10:34

ДУШАНБЕ, 02.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснокии ваҷҳу далелҳоеро, ки аз тарафи ташкилотҳои ҷамъиятии ғайридавлатӣ дар муроҷиати худ ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 марти соли 2019 дар воситаҳои ахбори омма вобаста ба фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 4 марти соли 2019, №31 «Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ» нашр шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дод.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасии аҳолӣ ва ташкилоту идораҳо ба шабакаи Интернет дар ду шакл, яъне тавассути хизматрасонии Интернети хаттӣ ва хизматрасонии Интернети мобилӣ сурат мегирад.

Хизматрасониҳои Интернети мобилӣ дар Тоҷикистон, асосан, аз ҷониби чор ширкати соҳаи хизматрасонии алоқаи мобилӣ ба аҳолӣ ва ташкилоту идораҳо пешниҳод шуда истодаанд: ҶСП “Индиго Тоҷикистон” бо нишони молии “Тселл”, ҶДММ “Таком” бо нишони молии “Билайн”, ҶСП “ТТ мобайл” бо нишони молии “МегаФон” ва ҶСП «Вавилон – Мобайл» бо нишони молии «Вавилон-М».

Новобаста аз рушди соҳаи алоқаи барқӣ ва истифодаи технологияҳои пешрафтаи муосир, даромади ширкатҳои мазкур аз хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар солҳои охир кам гашта, мутаносибан сабаби кам ҳисоб ва пардохт шудани андозҳо гардида истодааст, ки асосан ба омилҳои зерин вобаста мебошад:

Тибқи натиҷаи таҳлилҳо, давоми 4 соли охир трафики воридотию содиротии байналмилалии зангҳои овозӣ кам шуда, ҳамзамон трафики хизматрасониҳои телематикӣ (Интернет), ки дар дохили худ дигар намуди хизматрасониҳои овозӣ, аз ҷумла трафики алоқаи байнишабакавӣ, байнишаҳрӣ, байналмилалӣ, IP-телефония, телеграф ва ғайраро дар бар мегирад, зиёд шуда истодааст. Қобили қайд аст, ки барои ин гуна хизматрасониҳо муштарӣ танҳо барои харидорӣ намудани хизматрасонии телематикӣ (яъне, Интернет) маблағ пардохт намуда, аз тамоми дигар хизматрасониҳои дар боло зикргардида истифода мекунад ва чунин тартиб барои ширкатҳои мобилӣ мувофиқ мебошад. Чунки меъёри ченаки Интернет, ки бо мегабайт (Mb) муайян карда мешавад, дар  қонунгузорӣ барои мақсадҳои назорат ва баҳисобгирии даромаду хароҷоти ширкатҳои хизматрасонии Интернети мобилӣ ба таври дақиқ муайян нагардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар маҷмӯъ, ширкатҳои номбаршуда агар соли 2015 дар ҳаҷми 2 миллиарду 303 млн. дақиқа хизматрасониҳои байналмилалии алоқа анҷом дода бошанд, пас соли 2018 танҳо дар ҳаҷми 600 млн. дақиқа чунин хизматрасониҳоро анҷом додаанд, ки нисбат ба соли 2015 ба андозаи 1 миллиарду 703 млн. дақиқа кам мебошад ё ин ки танҳо 26 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо солҳои 2016-2017 мутаносибан 2016,0 млн. ва 1125,4 млн. дақиқаро ташкил медиҳад.

Бо сабабҳои дар соли 2018 нисбат ба солҳои 2015- 2017 кам шудани хизматрасониҳои байналмилалии алоқа, яъне трафикҳои овозии байналмилалӣ, маблағҳои ҳисобшудаи андозҳои мустақим ва ғайримустақим низ дар фаъолияти ширкатҳои мазкур ба ҳадди назаррас кам гардидаанд. Аз ҷумла, андозҳои ихтиёран ҳисобнамудаи ширкатҳои мазкур соли 2018 танҳо 772,5 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2015 ба маблағи 367,2 млн. сомонӣ кам мебошад ё ин ки танҳо 67,8 фоизро ташкил медиҳад. Ҳол он ки даромади ширкатҳо, дар маҷмўъ, ба ҳадди андозҳои ҳисобшуда кам нашудааст.

Дар баробари ин, ба бо вуҷуди мушкилиҳои соҳа, дар давраи солҳои  2015-2018 хизматрасониҳои  телематикии (Интернетии) чор ширкати мобилии номбаршуда сол аз сол зиёд гардида истодааст. Агар, соли 2015 чунин хизматрасониҳо 8 миллиарду 731 млн. мегабайтро ташкил карда бошад, пас ширкатҳои мазкур дар соли 2018 дар ҳаҷми 25 миллиарду 771 млн. мегабайт чунин хизматрасониҳоро анҷом додаанд, ки нисбат ба соли 2015 ба андозаи 17 миллиарду 40 млн. мегабайт зиёд мебошад ё ин ки афзоиш 295 фоизро ташкил медиҳад.

Чуноне ки зикр гардид, дар қонунгузории амалкунанда меъёр ва мафҳумҳои хизматрасониҳои телематикӣ (Интернет) равшану возеҳ муқаррар нашудаанд ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдор дар соҳаи алоқаи барқӣ, барои назорат ва баҳисобгирии хизматрасониҳои телематикӣ таҷҳизоти махсуси телекомуникатсионӣ ва ҳисоббарор надорад. Ин омил ба ширкатҳои мобилӣ имконият медиҳад, ки аз таҷҳизот ва барномаҳои муосири худ истифода намоянд ва трафики хизматрасониҳои телематикиро ба трафики овозӣ иваз карда, тарофаҳои гуногуни тиҷоратиро истифода ва манбаъҳои андозбандиро сол ба сол кам намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар фармоишҳои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нархномаҳои гузариши трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ барои операторони соҳаи алоқа арзиши хизматрасонӣ танҳо барои трафики овозӣ барои як дақиқа муайян гардида, фармоишҳои мазкур низ хизматрасониҳои телематикӣ (яъне, меъёри мегабайти (Mb) Интернет) — ро танзим намекунанд.

Таҳлили  бозори алоқаи барқӣ шаҳодат медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди технологияҳои иттилоотӣ  дар соҳаи алоқаи барқӣ дар асоси пешниҳоди хизматрасониҳои нав (Вайбер, Инстаграм, Телеграмм, ИМО,  Фейсбук, Твитер ва ғайра), ки тавассути Интернет амалӣ мегардад, роҳандозӣ  гардида истодааст. Ин намуди хизматрасониҳо боиси коҳиши истифодаи алоқаи овозии муштариёни операторони алоқаи мобилӣ гардидааст.

Инчунин мувофиқи маълумоти таҳлилӣ, ба хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқии овозӣ асосан ҶСП “ТТ  мобайл” (Мегафон — Тоҷикистон) ва ҶДММ  “Таком” (Билайн) машғул буда, дар мавриди гузаронидани трафики воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ тавассути Маркази ягонаи коммуникатсионӣ бо сабаби таҳти назорати пурра қарор гирифтан, ҳаҷми хизматрасониҳои  байналмилалии алоқаи ин ширкатҳо сол аз сол кам гардида истодааст.

Масалан, агар  ҶСП  “ТТ мобайл” (Мегафон — Тоҷикистон) соли 2016 дар ҳаҷми 1 млрд. 5 млн. дақиқа хизматрасониҳои байналмилалӣ анҷом дода бошад, пас ширкати мазкур соли 2017 тавассути Маркази ягонаи коммуникатсионӣ  танҳо дар ҳаҷми 783 млн. дақиқа хизматрасониҳоро анҷом додааст, ки нисбат ба соли 2016 ба андозаи 717,0 млн. дақиқа кам мебошад. Ин нишондиҳандаҳо солҳои 2014-2015 мутаносибан 1 212,7 млн. ва  1018,4 млн. дақиқаро ташкил додааст.

Чунин нишондиҳанда дар ҶДММ “Таком” (Билайн) соли 2016-428 млн. дақиқа ва соли 2017 -ум 172 млн. дақиқаро ташкил додааст, ки 256 млн. дақиқа кам мебошад. Ҳаҷми дақиқаҳои истифодабурдаи ин ширкат солҳои 2014-2015 мутаносибан 1 212,7 млн. ва 1018,4 млн. дақиқаро ташкил додааст.

Бо дарназардошти дар қонунгузории амалкунанда мушаххас пешбинӣ нагардидани меъёри муайян барои назорати ҳаҷми истифодашудаи хизматрасониҳои телематикӣ (Интернет) дар фаъолияти ширкатҳои мобилӣ онҳо ба ин самти нави хизматрасонӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда истодаанд ва мувофиқи маълумоти аз Хадамоти алоқаи назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасшуда, арзиши миёнаи тарифи амалкунандаи 1 Мегабайт Интернети мобилӣ дар ҷумҳурӣ барои соли 2018 ба 0,024 сомонӣ баробар мебошад. Аз ҷумла, аз ҳисоби тарофаҳои амалкунанда, арзиши 1 (як) Мегабайт бо ҳисоби миёна дар ҶСП “Вавилон Мобайл” (Вавилон – М)  0,039 сомонӣ,  ҶСП  “ТТ  мобайл”  (Мегафон Тоҷикистон)  0,016 сомонӣ ва   “Индиго Тоҷикистон”  (Тселл) 0.025 сомонӣ ва ҶДММ “Таком” (Билайн)  0,014 сомониро ташкил менамояд.

Бояд зикр намуд, ки дар ҶСП  “Индиго Тоҷикистон”  (Тселл)  бастаи (пакети)  хизматрасонии интернетии “G +” ҷорӣ гардида, ҳангоми аз меъёр  зиёд истифода намудан барои 1 мегабайт рўзона 0,10 сомонӣ ва шабона 0,05 сомонӣ арзиш муқаррар шудааст.

Инчунин дар ҶСП  “ТТ мобайл”  (Мегафон Тоҷикистон) ҳангоми аз бастаи (пакет)  хизматрасонии Интернет зиёд истифода намудан, барои 1 мегабайт 0,50 сомонӣ муқаррар шудааст. Яъне, айни ҳол барои истифодаи Интернети мобилӣ муштариёни ширкатҳои хизматрасони алоқаи мобилӣ маблағи ҳар як мегабайти Интернети истифодашавандаро бо арзиши аз 0,014 то ба 0,50 сомонӣ пардохт карда истодаанд, аммо, бино бар мушаххас набудани меъёри назоратӣ, андозҳои ҳисобкарда ва пардохтшудаи ширкатҳои мобилӣ дар қиёс бо даромади онҳо сол аз сол коҳиш ёфта, боиси нигаронӣ шуда истодааст.

Илова бар ин, мутобиқи ҳисоботи расмии ҶСП  “ТТ мобайл” (Мегафон Тоҷикистон), ки ба  Кумитаи андоз 30.03.2019, №11-GEN-исх.-00191/19  ворид шудааст, муайян шуд, ки соли 2018 аз ҳисоби тарофаҳои амалкунанда, арзиши 1 (як) Мегабайт бо ҳисоби миёна дар  ҶСП  “ТТ  мобайл”  (Мегафон Тоҷикистон)  0,072 сомониро ташкил медиҳад. Яъне тарифи амалкунандаи Интернети мобилӣ дар Мегафон Тоҷикистон аз арзише, ки бо фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 4 марти соли 2019, №31 “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” бо нархи 0,05 барои 1 (як) Мегабайт муайян шудааст, ба андозаи 0,022 сомонӣ зиёд мебошад. Гуногунии арзиши 1 (як) Мегайбт Ит дар маълумоти аз ширкатҳои мобилӣ дастрасшуда омўзиши иловагӣ талаб намуда, саволро ба миён меорад, ки ҳангоми аллакай баланд будани тарофа барои 1 (як) Мегабайт Интернети мобилӣ, чаро баҳсу мунозира ва шикоятҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ авҷ мегирад ва худи ширкатҳои мобилӣ вобаста ба ин фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ чаро изҳороти расмӣ намекунанд?

Бино бар асосҳои зикршуда, бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат, танзими хизматрасониҳои телематикӣ (Интернет) амри воқеӣ буда, тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорату идораҳои дахлдор муваззаф шуданд, ки барои мукаммал намудани заминаи ҳуқуқӣ ва дар ин асос такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  ҷиҳати ба танзим даровардани назорати истифодаи ҳаҷми Интернет ва баҳисобгирии даромаду хароҷоти аслии ширкатҳои мобилӣ чораҷўӣ  намоянд.

Бояд зикр кард, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар доираи вазифаҳои худ нархҳои (тарифҳои) мол (кор ва хизматрасонӣ) – и субъектҳои хоҷагидореро, ки дар бозори молӣ муайян, аз ҷумла бозори хизматрасонии алоқаи барқӣ, мавқеи ҳукмфармоӣ ё инҳисориро доро мебошанд, ба танзим медарорад.

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба танзим даровардани тарифҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла хизматрасонии Интернети мобилӣ мутобиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи рақобат” бо фармоиши худ аз 4 марти соли 2019, №31 “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” тарифҳои пайвастшавии байнишабакавӣ, байналмилалӣ ва хизматрасониҳои телематикии алоқаи барқиро барои як дақиқаи пайваст барои операторони соҳаи алоқаи барқӣ муқаррар намудааст.

Фармоиши мазкури Хадамоти зиддиинҳисорӣ  аз 27 марти соли 2019 мавриди иҷро қарор гирифта, ба оператороне, ки хизматрасонии алоқаи мобилиро анҷом медиҳанд ва мавқеи ҳукумфарморо дар бозори молии алоқаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамоянд, татбиқ карда мешавад.

Вобаста ба ин, зикр кардан зарур аст, ки фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” мутобиқи талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи рақобат” барои муайян намудани миқдори воқеии Интернети истифодашуда ҷиҳати ба танзим даровардани хизматрасонии Интернети мобилӣ, қабул ва танҳо барои хизматрасониҳои ширкатҳои мобилӣ равона шудааст. Фармоиши мазкур ба нархи тарофаҳои хизматрасонии Интернети хаттӣ (фиксированый Интернет), ки дар фаъолияти идораҳо, корхонаву ташкилот ва аҳолӣ истифода мегардад, таъсир нарасонида, хароҷоти иловагиро аз ҳисоби аҳолӣ, корхона ва ташкилот талаб намекунад.

Бо дарназардошти нишондиҳандаҳои зикршуда ба инобат гирифтани таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар танзими соҳаи алоқаи мобилӣ ва бо мақсади назорати арзиши аслии хароҷоти дастрас намудани Интернет ба шабакаҳои операторони мобилӣ, Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2019 саривақтӣ  ва қобили дастгирӣ мебошад.

Шуъбаи робита бо ВАО-и
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 2, 2019 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи рақамисозӣ ва рушди логистика байни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид
Тоҷикистон аз давлати аграрӣ ба мамлакати индустриалӣ — аграрӣ табдил дода мешавад. Эҳдо ба Рӯзи кормандони соҳаи металлургӣ
«Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон» маҳсулоти заргарии мутобиқ ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ истеҳсол менамояд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда баррасӣ гардид
Аз ҷониби Фонди иқлими сабз маблағгузории лоиҳаи CASP+ дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфт
Тоҷикистону Бангладеш гардиши савдоро байни ҳам бамаротиб зиёд мекунанд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
Роҳбарияти шаҳри Ҳисор бо вазъи корҳои саҳро дар хоҷагиҳои кишоваразии Ҷамоати деҳоти Навобод шинос гардид
IRS: Нуқтаҳои вазнченкунӣ вайроншавии роҳро пешгирӣ мекунанд
Дар Панҷакент Форуми минтақавии саводнокии молиявӣ баргузор шуд
Шурои Фонди иқлими сабз аккредитатсияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зистро тасдиқ намуд