Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд

Апрель 8, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар самти иқтисоди рақамӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва густариши инфрасохтори рақамӣ зимни вохӯрии директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафир – Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дарски Радослав баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҳамзамон таваҷҷуҳи асосӣ ба раванди амалисозии лоиҳаҳое равона гардид, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд.

Аз ҷумла, фаъолияти лоиҳаҳои амалишуда, ба монанди «C4CA» ва «CIVIT Registry» мавриди арзёбии баланд қарор дода шуд. Иброз гардид, ки ин ташаббусҳо дар рушди инфрасохтори рақамӣ ва низоми захираҳои иттилоотии давлатӣ саҳми назаррас гузошта, барои такмили идоракунии давлатӣ заминаи устувор фароҳам меоранд.

Ҷонибҳо раванди омодасозии санади ҳамкорӣ бо e-Governance Academy-ро баррасӣ намуда, иброз доштданд, ки баимзорасии ин санад имконият фароҳам меорад, то таҷриба ва дониши пешрафтаи аврупоӣ дар самти ҳукумати электронӣ ба таври назаррас ҷалб гардад.

Ҷонибҳо ҳамчунин барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ибрози омодагӣ намуданд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 8, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд