ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 6 коргоҳи дӯзандагӣ ва 5 корхонаи истеҳсолӣ бунёд мегардад

Май 27, 2019 09:29

ХУҶАНД, 27.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд ба ифтихори  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла, дар партави омодагиҳои сазовор ба истиқболи ин санаи хотирмон ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ  дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд низ сохтмони як зумра иншооти таъйиноти гуногун  бомаром ҷараён доранд.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Суғд Абдуаҳад Дадабоев  бо такя ба маълумоти масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, имрӯзҳо аз ҷониби соҳибкорону масъулини мақомоти шаҳр доир ба  иҷрои нуктаҳои асосии дар Паёми Пешвои миллат зикргардида, аз ҷумла, дар самти ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, афзун гардонидани ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолӣ, саҳмгузорӣ дар раванди ободониву созандагӣ иқдомҳои наҷибе роҳандозӣ  мегарданд. Алҳол  дар ҳудуди шаҳр сохтмони боз  ду корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ҷараён дорад.

  Яке аз ин корхонаҳо ҶДММ «Тоҷфилиз» маҳсуб шуда, дар ояндаи наздик дар он маҳсулоти ниёзи сохтмонӣ, чун мехи печдор (саморез), мехи оддӣ, шуруп ва сим истеҳсол карда мешавад. Ба иттилои масъулин, дар ин корхона 100 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, маҳсулоти истеҳсолшаванда барои конеъ сохтани  талаботи бозори дохилӣ нигаронида шудааст.

Корхонаи дигари бунёдшаванда  истеҳсоли уребчаҳо ва қоғаз барои ташнобро  ба роҳ хоҳад монд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани ин корхона 50 нафар сокинон бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Айни замон ба корҳои сохтмонии ду иншооти муҳими саноатӣ зиёда аз 50 нафар сохтмончиён ҷалб гардидаанд.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки дар семоҳаи аввали соли равон  дар миқёси шаҳр 7 иншооти иҷтимоӣ ва дар умум то имрӯз 25 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудаанд. Инчунин соли 2018 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 191,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, ҳоло аз шумораи умумии маҳсулоти аз  ҷониби корхонаҳои шаҳр истеҳсолшаванда 30 намудаш маҳсулоти воридотивазкунанда  маҳсуб мешавад.

Дар умум, дар доираи нақша чорабиниҳо оид ба рафти корҳои бунёдкориву созандагӣ ба истиқболи ҷашнӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Бӯстон бунёд ва таъмиру таҷдиди 165 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла, 6  коргоҳи дӯзандагӣ ва  5 корхонаи истеҳсолии дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда маҳсубшуда,  дар назар дошта шудааст.

Дар маҷмӯъ, дар вилояти Суғд дар давоми се сол, яъне то соли 2021 бунёду ба истифодадиҳии 300 корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

 

Май 27, 2019 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд