АМАЛИ ВАТАНПАРВАРОНА ВА ИНСОНДӮСТОНАИ ПРЕЗИДЕНТ. Абдуҷаббор Раҳмонзода бозовардани кӯдакони тоҷикро аз Ироқ чунин унвон кард
ДУШАНБЕ, 01.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 84 нафар шаҳрвандони ноболиғи тоҷик тариқи хатсайри Бағдод-Душанбе-Бағдод аз Ироқ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» дар гузориши худ хабар додааст, шаҳрвандони Тоҷикистон — ноболиғонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозода ва дигарон истиқбол ва пазироӣ намуданд.
Ба Душанбе он шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон баргардонида шудаанд, ки волидони онҳо ба хотири иштирок дар ҷангҳои Ироқ, ҷонибдорӣ намудани ДОИШ* ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ва ё ба хотирӣ ҳамкорӣ намудан бо террористон дар маҳбасҳои Ироқ адои ҷазо мекунанд.
«Ин амали ватанпарварона, инсондӯстона ва мушфиқона аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин боз як нишонаи он аст, ки Пешвои миллат доимо дар фикри ояндаи кӯдакону наврасони мо, ояндаи халқу миллати мо буда, нисбат ба тақдиру ҳаёт ва зиндагии шаҳрвандони кишвари азизи мо, навобаста аз ҷойи буду бошашон бетафовут нестанд», –зикр намуд дар фурудгоҳ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Мавриди зикри хос аст, ки баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ноболиғон аз мамлакатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 апрел иттилоъ дод: «Қазияи шаҳрвандони ноболиғи тоҷик дар Ироқ пурра ба анҷом расидааст ва онҳо дар наздиктарин фурсат ба Тоҷикистон баргардонида хоҳанд шуд».
Бояд зикр намуд, ки зимни ҳалли масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ироқ баён карда шуд, ки дар маҳбасҳо ва ӯрдугоҳҳои Ироқ он 43 зан ва 95 кӯдаки шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд.
«Дирӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдор 84 нафар кӯдакон — ноболиғон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд. Нисбат ба баргардонидани 11 нафари дигар гуфтушунидҳо идома доранд»,-иттилоъ дода шудааст дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






