АМАЛИ ВАТАНПАРВАРОНА ВА ИНСОНДӮСТОНАИ ПРЕЗИДЕНТ. Абдуҷаббор Раҳмонзода бозовардани кӯдакони тоҷикро аз Ироқ чунин унвон кард

Май 1, 2019 13:32

ДУШАНБЕ, 01.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   84 нафар шаҳрвандони ноболиғи тоҷик тариқи хатсайри Бағдод-Душанбе-Бағдод аз Ироқ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Тавре  мухбири АМИТ «Ховар» дар гузориши худ хабар додааст, шаҳрвандони Тоҷикистон — ноболиғонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозода ва дигарон  истиқбол ва пазироӣ  намуданд.

Ба Душанбе он шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон баргардонида шудаанд, ки волидони онҳо ба хотири иштирок дар ҷангҳои Ироқ, ҷонибдорӣ намудани ДОИШ* ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ва ё ба хотирӣ ҳамкорӣ намудан бо террористон дар маҳбасҳои Ироқ адои ҷазо мекунанд.

«Ин амали ватанпарварона,  инсондӯстона ва мушфиқона аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин  боз як нишонаи он аст, ки Пешвои миллат доимо дар фикри ояндаи кӯдакону наврасони мо, ояндаи халқу миллати мо буда, нисбат ба тақдиру ҳаёт ва зиндагии шаҳрвандони кишвари азизи мо, навобаста аз ҷойи буду бошашон бетафовут нестанд», –зикр намуд дар фурудгоҳ  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Мавриди зикри хос аст, ки баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ноболиғон аз мамлакатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 апрел иттилоъ дод: «Қазияи шаҳрвандони ноболиғи тоҷик дар Ироқ пурра ба анҷом расидааст ва онҳо дар наздиктарин фурсат ба Тоҷикистон баргардонида хоҳанд шуд».

Бояд зикр намуд, ки зимни ҳалли масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ироқ баён карда шуд, ки дар маҳбасҳо ва ӯрдугоҳҳои  Ироқ  он 43 зан ва 95 кӯдаки шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд.

«Дирӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдор 84 нафар кӯдакон — ноболиғон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд. Нисбат ба баргардонидани 11 нафари дигар гуфтушунидҳо идома доранд»,-иттилоъ дода шудааст дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Май 1, 2019 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»