БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир мегарданд

Май 13, 2019 16:08

ДУШАНБЕ, 13.05.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Бо ташаббуси роҳбарияти вилояти Суғд дар доираи барномаҳои марбут ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва як моҳи ҷавонӣ дар шаҳру ноҳияҳо барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешаванд.

Тавре аз хадамоти матбуоти  Раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои тенниси рӯи миз, футбол, шоҳмот, бокс, гӯштини камарбандӣ, гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи озод, волейбол, камонварӣ, дастхобонӣ, велосипедронӣ, баскетбол, шиноварӣ, тирпаронӣ ва картинг доир хоҳанд шуд.

Барои ҳавасманд гардонидани варзишгарон, гирандагони ҷойҳои ифтихорӣ ва Ҷоми Раиси вилояти Суғд аз рӯи 15 навъи мусобиқаҳо 500 ҳазор сомонӣ масраф карда мешавад.

Май 13, 2019 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд