Баргардонидани кӯдакон аз қаламрави Ироқ шаҳодати сиёсатмадори оқилу дурандеш ва ғамхор будани Пешвои миллат мебошад

Май 3, 2019 08:50

ДУШАНБЕ, 03.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Баргардонидани 84 нафар шаҳрвандон, бахусус кӯдакон аз қаламрави Ироқ аз сиёсатмадори оқилу дурандеш ва ғамхор будани Пешвои миллат шаҳодат медиҳад. Дарвоқеъ ин иқдоми инсондӯстона, хайрхоҳона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр саривақтӣ мебошад. Зеро ин кӯдакон дар кишвари Ироқ бесарпаноҳ монда, тақдири ояндаи онҳо номаълум буд. Ин матлабро муовини раис –роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Изатуллои Ҳабибзод зимни матлабе, ки ба АМИТ «Ховар» ирсол шудааст, баён намудааст.

Ин кӯдакон, ки ҳоло таҷрибаи кофии зиндагӣ надоранд, аввалан ба назорати калонсолон, баъдан ба омӯзишу аз худ кардани илмҳои замонавӣ ва аз ҳама муҳим, ба зиндагии шоиста ҳуқуқ доранд.

Ин ноболиғон, ки волидони онҳо ба хотири иштирок дар ҷангҳои Ироқ, ҷонибдорӣ намудани ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ва ё ба хотири ҳамкорӣ намудан бо террористон дар маҳбасҳои Ироқ адои ҷазо мекунанд, ба табобату маслиҳати табибони равоншинос эҳтиёҷ доранд. Зеро онҳо муҳлати тӯлонӣ дар фазои носолим ба воя расидаанд.

Умедворем, ки ин кӯдакон  дастгирии падаронаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо тамоми масъулият дарк мекунанд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳамчун инсонҳои комил ба воя расанд. Иқдоми мазкур боиси дастгирии ҳамаҷониба буда, шаҳодати он аст, ки Президенти мамлакат нисбат ба ояндаи дурахшони насли навраси даврони соҳибистиқлолии мамлакат ғамхориҳои зиёд мекунанд.

Иқдоми мазкур давоми мантиқии ғамхориву дастгириҳои ин шахсияти барҷастаи таърихӣ мебошад.

Май 3, 2019 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон