Баргардонидани кӯдакон аз қаламрави Ироқ шаҳодати сиёсатмадори оқилу дурандеш ва ғамхор будани Пешвои миллат мебошад
ДУШАНБЕ, 03.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Баргардонидани 84 нафар шаҳрвандон, бахусус кӯдакон аз қаламрави Ироқ аз сиёсатмадори оқилу дурандеш ва ғамхор будани Пешвои миллат шаҳодат медиҳад. Дарвоқеъ ин иқдоми инсондӯстона, хайрхоҳона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр саривақтӣ мебошад. Зеро ин кӯдакон дар кишвари Ироқ бесарпаноҳ монда, тақдири ояндаи онҳо номаълум буд. Ин матлабро муовини раис –роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Изатуллои Ҳабибзод зимни матлабе, ки ба АМИТ «Ховар» ирсол шудааст, баён намудааст.
Ин кӯдакон, ки ҳоло таҷрибаи кофии зиндагӣ надоранд, аввалан ба назорати калонсолон, баъдан ба омӯзишу аз худ кардани илмҳои замонавӣ ва аз ҳама муҳим, ба зиндагии шоиста ҳуқуқ доранд.
Ин ноболиғон, ки волидони онҳо ба хотири иштирок дар ҷангҳои Ироқ, ҷонибдорӣ намудани ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ва ё ба хотири ҳамкорӣ намудан бо террористон дар маҳбасҳои Ироқ адои ҷазо мекунанд, ба табобату маслиҳати табибони равоншинос эҳтиёҷ доранд. Зеро онҳо муҳлати тӯлонӣ дар фазои носолим ба воя расидаанд.
Умедворем, ки ин кӯдакон дастгирии падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо тамоми масъулият дарк мекунанд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳамчун инсонҳои комил ба воя расанд. Иқдоми мазкур боиси дастгирии ҳамаҷониба буда, шаҳодати он аст, ки Президенти мамлакат нисбат ба ояндаи дурахшони насли навраси даврони соҳибистиқлолии мамлакат ғамхориҳои зиёд мекунанд.
Иқдоми мазкур давоми мантиқии ғамхориву дастгириҳои ин шахсияти барҷастаи таърихӣ мебошад.








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






