Дар Душанбе Конфронси сатҳи баланд оид ба интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ баргузор мегардад

Май 15, 2019 08:10

ДУШАНБЕ, 15.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16-17 майи соли 2019 дар  Душанбе таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ» конфронси сатҳи баланд баргузор мегардад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, конфронси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар шарикони байналмилалӣ доир мегардад.

Интизор меравад, ки дар конфронс вазирони корҳои хориҷӣ, роҳбарони мақомоти масъули мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмию таҳқиқотӣ ва корпуси дипломатӣ иштирок кунанд.

Дар маҷмӯъ, намояндагони 50 кишвар ва беш аз 27 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ин ҳамоиш ширкат хоҳанд намуд.

Ҳадафи конфронс таҳкими  ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, муайян кардани усулҳои самараноки мубориза бо маблағгузории терроризм, табодули донишу таҷриба дар ин самт, ҳамчунин мусоидат ба  муҳокимаи коршиносон дар мавриди вокуниш ба шаклҳои тағйирёбандаи маблағгузории созмонҳои террористӣ мебошад.

Конфронси мазкурро беш аз 200 рӯзноманигори хориҷӣ бозтоб хоҳанд кард.

Май 15, 2019 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Барномаи АСИКУДА мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои гуногун баррасӣ гардид