Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр дар минтақаи миллии сайёҳии «Аваза»-и Туркманистон ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Иттиҳод оид ба мавзуҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуда, дурнамои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни ҷаласа ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва густариши робитаҳои гуманитарию фарҳангӣ байни давлатҳои Иттиҳод таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Аз натиҷаи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ якчанд қарорҳои марбут ба тақвият ва рушди мунтазами ҳамкории бисёрҷанба байни давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон











Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»






