Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ аз дафтари рӯзномаи англисизабони “The Times Kuwait” боздид ва бо сардабири он Ториқ Юсуф Аш-Шумаймирӣ мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар ин дидор роҳҳои густариши ҳамкории расонаӣ, иттилоърасонӣ ва нақши расонаҳо дар бозтоби раванди тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сафири Тоҷикистон аҳаммияти муаррифии зарфияти иқтисодӣ, сармоягузорӣ, ҷозибаҳои гардишгарӣ ва мероси ғании фарҳангии Тоҷикистон ва ҳамчунин дастовардҳо ва чашмандозҳои ҳамкорӣ байни ду мамлакатро дар расонаҳои Кувайт таъкид кард.
Дар поёни дидор ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкории расонаӣ, табодули иттилооту муҳтавои хабарӣ ва афзоиши пӯшиши мавзуъҳои марбут ба Тоҷикистон дар расонаҳои Кувайт изҳори омодагӣ карданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт










Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






