Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд

Октябрь 7, 2026 19:00

ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр дар шаҳри Абу Забӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Фавқулодда  ва  Мухтори Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди ду мамлакат дар бахшҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетика, нақлиёт, инфрасохтор, саноат, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, тандурустӣ, бонкдорӣ, илму технологияи муосир, кишоварзӣ, обу иқлим ва рушди устуворро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо  ҳамчунин доир ба аҳаммияти таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Аморот дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусусСозмони Милали Муттаҳид табодули назар карданд.

Дар фарҷоми суҳбат сафирон омодагии хешро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди бештари равобити дуҷониба ва бисёрҷониба миёни ҳар ду мамлакат баён намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб

Октябрь 7, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд