Дар Москва нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуровро гузоштанд

Май 29, 2019 10:57

ДУШАНБЕ, 29.05.2019./АМИТ «Ховар»/.  Дар   шаҳри Москва ба муносибати 240-солагии Донишгоҳи давлатии заминсозии  Россия дар як маросими ботантана «Кӯи номдорон» ифтитоҳ ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИ «Спутник».

Дар «Кӯи номдорон» нимпайкараҳои 12 донишманду профессор ва хатмкунандагони шинохтаи Донишгоҳи давлатии заминсозии Россия гузошта шудааст. Миёни 12 донишманду профессор ва хатмкунандагони шинохтаи Донишгоҳи давлатии заминсозии Русия нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуров,   Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷой гирифтааст.

«Мо беҳтарин хатмкунандагони ин донишгоҳро интихоб кардем. Ин шахсоне ҳастанд, ки барои рушди кишвари худ саҳми арзанда гузоштанд. Ба назари мо Шукурҷон Зуҳуров яке аз беҳтарин хатмкунандагони тоҷикистонии донишгоҳи мо мебошад. Ӯ барои рушди кишвараш корҳои зиёде анҷом додааст», — таъкид кард Василий Нилиповский, ноиби ректори донишгоҳ  оид ба равобити байналмилалӣ.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Сергей Волков, ректори Донишгоҳи давлатии заминсозӣ, ифтитоҳи «Кӯи номдорон» барои донишгоҳ як лаҳзаи таърхӣ мебошад.

Роҳбарияти Донишгоҳ барои интихоби беҳтаринҳо, ки нимпайкараҳояшон дар «Кӯи номдорон» гузошта шуданд, озмун эълон намуда буд. Дар озмуни мазкур донишҷӯёну, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ фаъолона ширкат намуданд.

Нилиповский Василий Иванович, проректор оид ба фаъолияти байналмилалии ДДЗ

Тибқи натиҷаҳои овоздиҳии интернетӣ 12 нафар интихоб шуд. Миёни 12 нафаре, ки нимпайкараҳои онҳо дар «Кӯи номдорон»-и донишгоҳ гузошта шудааст, нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуров низ ҷой гирифтааст.

Ёдрас мешавем, ки Шукурҷон Зуҳуров, соли 1976 Академияи идоракунии Россия ва Донишгоҳи давлатии заминсозии шаҳри Москваро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм намудааст.

“Барои Тоҷикистон  ҷиҳати  тайёр кардани мутахассисони баландихтисос Россия яке аз давлатҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. 27 ҳазор донишҷӯи тоҷикистонӣ дар мактабҳои олии Россия таҳсил мекунанд. Мутахассисоне, ки донишгоҳҳои Россияро чӣ дар замони Шӯравӣ ва чӣ дар замони баъд аз пош хурдани иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил кардаанд, дар рушди Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд. Имрӯз миёни нимпайкараҳои 12 ашхоси бонуфузе, ки ин донишгоҳро хатм кардаанд, нипайкараи Шукурҷон Зуҳуров низ гузошта шудааст. Ин барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ боиси ифтихор аст” — гуфт Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов.

Имомуддин Сатторов, Сафири Тоҷикистон дар Россия дар маросими ифтитоҳи нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуров

Сафир инчунин илова кард, ки ин иқдом намунаи рушди дӯстӣ миёни Тоҷикистону Россия мебошад.

“Ба назари ман гузоштани ин нимпайкара  ба як шахсияти сиёсии Тоҷикистон ин эҳтиром ба ҷумҳурии мост ва мо аз ин иқдом сипосгузорем”, -зикр намуд Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов.

Дар «Кӯи номдорон» ҳамчунин нимпайкараҳои дигар чеҳраҳои шинохтаи донишгоҳ гузошта шудаанд. Аз ҷумла, дар  ин ҷо нимпайкараҳои вазири маорифи Россияи императорӣ Владимир Глазов, профессор Иван Герман, мутахассиси геодезия Иван Иверонов, донишмандони рус Алексей Маслов, Сергей Удачина, муовини Раиси Ҳукумати Русия, Вазири кишоварзии Россия дар солҳои 1996-1998 Виктор Хлистун, донишманди Латвияи шӯравӣ Виктор Тимофеев,  Сарвазири Муғулистон Жанлавин Нарантсатсралта, Вазири замин ва захираҳои табии Чин Ма Кэвэй ва академик Юрий Неумивакин гузошта шудаанд.

                                                                             АКСИ АИ SPUTNIK

Май 29, 2019 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Ба мактабҳои тоҷикии ноҳияи Шаҳрисабзи Узбекистон китобҳои бадеӣ тақдим гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе Консорсиуми сармоягузории «Area AI» ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсияҳои муфид пешниҳод менамояд
Дар Суғд ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуданд
Оид ба нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рушди илм ва маориф конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, якшанбе, 299-умин рӯзи соли 2025 аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Сохторҳои буҷетии ноҳияи Сангвор ба мавсими сармо пурра омода мебошанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад