«Тоҷинвест» нахустин платформаи «Бизнес Портал Тоҷикистон»-ро барои соҳибкорону сармоягузорон роҳандозӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 27.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» тасмим дорад, ки нимаи дуюми моҳи июни соли равон нахустин платформаи умумӣ- Портали тиҷоратии Тоҷикистон /Бизнес -Портал/-ро роҳандозӣ намояд. Портали мазкур дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи веб-мутахассисони КВД «Тоҷинвест» барои соҳибкорону сармоягузорон таҳия гардидааст. «Мо боварӣ дорем, ки лоиҳаи мазкур ба соҳибкорони ватанӣ имкониятҳои навро фароҳам меорад», — мегӯяд директори КВД «Тоҷинвест» Хуршед Мирзо.
Мусаллам аст, ки моҳи марти соли равон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ»-ро қабул намуд, ки он ба тақвияти идоракунии соҳибкорӣ, баланд бардоштани иқтидори соҳибкорон, дастгирии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон, инчунин тақвияти муколамаи давлат бо бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя ба мамлакат равона шудааст.
Дар ин росто, бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ КВД «Тоҷинвест» Портали тиҷоратии онлайниро таҳия намуд. Лоиҳаи Б2Б (business to business – тиҷорат барои тиҷорат) бо мақсади ташаккули портали иттилоотии миллӣ роҳандозии тиҷорат, ҳавасмандгардонии содирот ва пешбурди сармоягузориҳо рӯи кор омадааст.
Портали тиҷоратии Тоҷикистон имкониятро барои ҷӯстуҷӯи шарикони нав, пешбурди тиҷорат, дар дохил ва хориҷи мамлакат фароҳам меорад. Дар баробари ин, ба таври шаффоф вазъи фазои иқтисодии мамлакатро барои сармоягузорон муаррифӣ менамояд. Ҳамзамон он ба ҳайси раҳнамои тиҷорат ҷиҳати пайдо кардани ошноӣ бо бахши сармоягузорӣ ва имкониятҳо дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Портали мазкур ба талаботи ҷаҳонӣ ва тамоюли замон ҷавобгӯ буда, симои (интерфейси) мувофиқи он кори соҳибкоронро содда мегардонад. Онҳо метавонанд мустақилона ширкатҳо, маҳсулотҳо ва хизматрасонии худро ба қайд гиранд. Инчунин дар портал ширкатҳо соҳиби саҳифаи шахсӣ мегарданд, ки он имконияти пайвастшавӣ ба интернетро бидуни созмон додани сомонаи махсус фароҳам меорад. Инчунин Портали тиҷоратӣ ширкатҳои бақайдгирифташударо бо дастгирии машваратӣ, аз ҷумла, ҳуқуқӣ, машварат дар соҳаи андоз ва андозбандӣ ва ба роҳ мондани бизнес дар умум таъмин менамояд.
Интизор меравад, ки дар заминаи портали мазкур маҷаллаи «Тиҷорати Тоҷикистон» ба таври электронӣ ва чопӣ нашр гардад.
Портали тиҷоратӣ ин василаи муосир дар дасти соҳибкорон барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти тиҷоратӣ арзёбӣ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки моҳи апрели соли равон бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд нахустин Портали савдои Тоҷикистон дар маросими расмӣ ифтитоҳ гардида буд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






