Фаридун Юсуфҷонов: «Бозгардонидани кӯдакон аз Ироқ пешгирии мушкилотест, ки ояндаи наздик метавонист ба вуҷуд ояд»

Май 2, 2019 11:35

ДУШАНБЕ, 02.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоми 30 апрел 84 нафар шаҳрвандони ноболиғи тоҷик тариқи хатсайри Бағдод-Душанбе-Бағдод аз Ироқ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Вобаста ба ин иқдоми ватанпарваронаи Пешвои миллат ходими пешбари илмии шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Юсуфҷонов зикр намуд, ки баргардонидани 84 нафар шаҳрвандони ноболиғи тоҷик ба Ватан бори дигар аз инсондӯстӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба халқи худ дарак медиҳад. Тавре худи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд: «Ягон кӯдаки мо дар кишвари бегона партофта нахоҳад шуд».

«Иқдоми пешанамудаи Сарвари давлат  амали нек мебошад. Зеро ин иқдом,  пеш аз ҳама, пешгирӣ намудани  мушкилоте мебошад, ки дар ояндаи наздик метавонист ба вуҷуд ояд. Ҳангоми дар  Сурия ва Ироқ  зиндагӣ намудани  ин ноболиғон  онҳо аз таълиму тарбия дур монда, дар фазои ноором ба воя мерасиданд.  Дар  оянда метавонистанд ба қатори гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда, даст ба ҷиноятҳои вазнини террористӣ зананд. Ин масъалаи сиёсиву геополитикиро Пешвои миллат дурандешӣ намуда, сари вақт   пешгирӣ ва ҳал намуданд»,- гуфт  Фаридун Юсуфҷонов.

Ба зикри номбурда, ҳарчанд ки кӯдакон бо сабаби беандешии волидайнашон ба ин сарзамин рафтаанд, вале онҳо бегуноҳ буда, ба зиндагии орому осуда ҳуқуқ  доранд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 апрел иттилоъ дод: «Қазияи шаҳрвандони ноболиғи тоҷик дар Ироқ пурра ба анҷом расидааст ва онҳо дар наздиктарин фурсат ба Тоҷикистон баргардонида хоҳанд шуд».

Ҳоло 84 нафари онҳо ба Ватан баргардонида шуданд.

Май 2, 2019 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон