«Фазилату фаросати зан-меҳвари зиндагии бомаром ва саодати ҳар хонадон»-ҳамоиши КИ ҲХДТ дар Душанбе ба шарафи Рӯзи оила

Май 15, 2019 15:16

ДУШАНБЕ, 15.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии оила  дар мавзӯи «Сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар ҷомеа» ҳамоиш доир гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф хабар медиҳад, дар  конфронс Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода иштирокчиёнро бо Рӯзи оила шодбош гуфта, иброз дошт, ки оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбия мегирад, донишу малакаи рӯзгордорӣ аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомӯзад, ҳамчунин фарзандон ҳамарӯза аз ин дабистон таълим мегиранд.

«Дар ҷомеаи мо оила ҳамчун асоси ҷомеа маҳсуб ёфта, аз тарафи давлат ҳимоя ва дастгирӣ меёбад. Таҳти ҳимояи давлат қарор доштани оила чунин маъно дорад, ки давлат ба масъалаҳои ҳуқуқиву иҷтимоии марбут ба солимӣ ва пойдории оила таваҷҷуҳ зоҳир карда, ғамхорӣ ба модару кӯдак, таъмини шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи фарзандон, кафолати иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои зарурии тиббӣ ва ғайраро ба уҳда мегирад»,- гуфт Зоир Раҳмонзода.

Зимни нишаст раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода зикр намуд, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 Соли оила эълон гардид, ки мақсад аз он мустаҳкам намудани робитаи ҷомеаи бо оила буд.

«Имрӯз дар мамлакат чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияву барномаҳои давлатӣ дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақшаи амали «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ва ғайра барои таҳкиму самаранокии фаъолияти занон дар соҳаҳои мухталиф ва муҳими мамлакат равона гардидаанд»,- таъкид намуд Ҳилолбӣ Қурбонзода.

Тавре сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатбибӣ Сироҷзода баён дошт, дар побарҷо мондани оила, пеш аз ҳама, зан-модар бояд саҳми зиёд дошта бошад, зеро муҳити фазои хона, солимию баракати зиндагӣ дар дасти зан мебошад. Фазилату фаросати зан меҳвари зиндагии бомаром ва саодати ҳар хонадон мебошад.

«Дар чор моҳи соли 2019 таваллуд дар ҷумҳурӣ 74 ҳазору 761 ададро ташкил дода, никоҳ 26 ҳазору 414 ва бекор кардани ақди никоҳ, ки яке аз масъалаҳои ташвишовари ҷомеа мебошад, 4321 ададро ташкил медиҳад. Аз инҳо 3086 оила бо қарори суд аз ҳам ҷудо гардидаанд»,- изҳори нигаронӣ намуд Саодатбибӣ Сироҷзода.

Ба зикри ӯ, сабабҳои  асосии ҷудошавии оилаҳо-ин омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оиладорӣ, надоштани маълумоти касбӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, огоҳ набудан аз ҳуқуқҳои худ ва надоштани одоби муошират мебошанд. Дар ин кор бояд, пеш аз ҳама, волидайн бетараф набуда, бо роҳи фаҳмондадиҳӣ фарзандонро аз пошхӯрии оила эмин нигоҳ доранд.

Ба зикри муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайрам Бақозода, имрӯз сабабу омилҳои зиёди ҷудошавии оилаҳо ҷой дошта, пешгирӣ ва ҳалли  ин масъала аз ҳар яки мо, масъулини сохторҳои  дахлдор иҷрои вазифаҳои мушаххасро талаб менамояд.

«Мушкили асосие, ки имрӯз дар ҷомеаи мо мавҷуд аст, ин дар хонаҳо мавҷуд набудани расми китобу китобхонӣ аст. Ин аст, ки волидайн ва занону духтарони мо аз мутолиаю маърифат дур мондаанд. Имрӯз, мутаассифона, дар ноҳияҳои дурдаст мушкилии хондани духтарон ҷой дорад. Мардҳо дар хонавода аксаран садди роҳи хондану саводнок гардидани духтарон мешаванд».

Ба андешаи номбурда, агар занону духтарон аз китобҳои пандомези мутафккирони тоҷик, ба мисли «Қобуснома»-и Унсуралмаолии Кайковус, «Насиҳатнома»-и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насираддини Тӯсӣ, «Кимиёи саодат»-и Ғаззолӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Бӯстон»-у «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ бохабар шаванд, ҳамаи вазнинию бори зиндагиро ба хубӣ паси сар карда метавонанд.

Май 15, 2019 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намоянд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд