Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Ман бори аввал ба Тоҷикистон омадам. Маро зебоӣ, табиати пойтахтатон ва меҳмоннавозӣ ба ҳайрат оварданд. Ҳар куҷое, ки мо мерафтем, ба мо бо лаҳни ширин ва чеҳраи хандон «хуш омадед» мегуфтанд, ки ба мо писанд омад», — чунин иброз намуд зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» рӯзноманигори телевизиони Покистон оид ба барномаҳои англисӣ Султон Ҷамшед.
Номбурда иброз намуд, ки «омодагӣ ва баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд доир мешавад. Дар ин конфронс 4 рӯзноманигори покистонӣ иштирок дорад. Барои мо шароити мусоид ва муҳити хуби эҷодӣ барои инъикоси саривақтии ҷараёни конфронс аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон муҳайё гардидааст».
Бояд гуфт, ки 30 май зимни суханронӣ Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф дар оғози кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо изҳор дошт, ки пиряхҳо тақрибан нисфи ҷараёни солонаи обро дар системаи дарёии ин давлат таъмин менамоянд, ки он такягоҳи тамаддун, фарҳанг ва иқтисоди миллии Покистон мебошад. «Панҷоб- дарёи бузурги Покистон симои ҷуғрофии давлати мост, ки дар он шакл мегирад. Устувории системаи пиряхҳо ба устувории мардум вобаста аст. Ин ҳолат Покистонро ба яке аз давлатҳои хеле осебпазир нисбат ба тағйирёбии иқлим табдил додааст».
Дар робита ба ин рӯзноманигори покистонӣ иброз медорад, ки Ҷумҳурии Исломии Покистон ба масъулияти муштарак ва иқдоми ҳамгиро боварӣ дорад. Ӯ чунин мешуморад, ки давлатҳо бояд дар якҷоягӣ пайомадҳои номатлуби тағйирёбии иқлимро амалӣ намоянд.
«Покистон таъсири обшавии пиряхҳоро аз наздик эҳсос намудааст. Соли 2022 обхезии шадид рӯй дод, ки қисмати зиёди мамлакатро фаро гирифт. Фаъолияти деҳқонон аз байн рафт, садҳо ҳазор хонаҳо вайрон гардид, инфрасохторҳо зарари ҷиддӣ диданд, ки ин ҳама бар асари тағйироти иқлим аст. Ба ин хотир низ имрӯзҳо ҷамъ омадан ва баррасии ин мушкилоти глобалӣ ташаббуси муҳим ва саривақтист, ки аз он мо хеле истиқбол менамоем», — гуфт Султон Ҷамшед.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд






