ФУТБОЛ: барои тамошои бозиҳои даври ҳаштум 14 ҳазору 400 нафар мухлисон ба варзишгоҳҳо омаданд

Май 27, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 27.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ шурӯъ гардид. Чемпиони мамлакат – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бори дигар  «Хуҷанд»-и Хуҷандро мағлуб кард. Ин мавзӯъро шореҳи АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ шарҳ медиҳад.

Марҳилаи дуюми Чемпионати мамлакат мисли даври ҳафтуми марҳилаи якум аз бозии баргашти дастаҳо таркиб ёфт.  Дастаи «Истиқлол» дар «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе» бозингарони  «Хуҷанд»-ро қабул кард.

Як ҳафта пеш бозии байни ин дастаҳо дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо ғалабаи футболбозони пойтахт бо натиҷаи  3:0 анҷом ёфта буд.

Ин навбат футболбозони соҳили Сир ба чемпионҳо муқобилияти арзанда нишон доданд. Ба легионери ӯзбекистонии «Хуҷанд» Турсуналӣ Рустамов муяссар гардид, ки дар дақиқаи 19-ум  дастаашро  ба сафи пеш барорад. Аммо  дар поёни нимаи якум Шериддин Бобоев ҳисобро баробар кард.  Зоир Ҷӯрабоев баъди 1 дақиқаи ба майдон омаданаш тӯби ғолибиятро ба нишон расонида, ғалабаи навбатии «Истиқлол»-ро дар Чемпионат таъмин кард.

Акнун «Истиқлол» бо касби 22 имтиёз мавқеашро  дар ҷои якум мустаҳкам кард ва барои дигар дастаҳо дастнорас гардид.

Дар ин давр футболбозони ноҳияи Рӯдакӣ – дастаи «Кӯктош» «Истаравшан»-ро бо ҳузури 7  ҳазор тамошобин дар майдонашон қабул карданд ва бо натиҷаи 3:1 ба пирӯзӣ расиданд. Дар ин вохӯрӣ низ меҳмонон ҳисобро тавассути голи задаи Отабек Каримов кушоданд, вале голҳои Аҳтам Холбоев (1:1, 18 дақ), Мисиам Иносент (2:1, 38) ва Муҳиддин Одилов (3:1, 71) барои соҳибони майдон ғалабаовар гардиданд. Бозии пешинаи ин дастаҳо дар шаҳри Истаравшан бо натиҷаи 0:0 мусовӣ  ҷамъбаст гардида буд.

Дастаи «Хатлон»-и Бохтар  бори дуюм аст, ки «Панҷшер»-ро ба шикаст рӯ ба рӯ мекунад. Агар дар бозии гузашта футболбозони шаҳри Бохтар бо натиҷаи 2:1 зафар ёфта бошанд, пас дар бозии баргашт дар варзишгоҳи Ӯктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳибони майдонро бори дигар бо нишондоди 1:3 ноком карданд. Ду маротиба Парвиз Ахунов (0:1, 34, 0:2, 48), Алишер Баротов (1:2, 59- худгол) ва Нуриддин Ҳамроқулов (1:3, 85) тӯбҳоро ба ҳадаф расониданд. Дар натиҷа дастаи «Хатлон» баъди ин ғалаба ба зинаи чоруми ҷадвали мусобиқот баромад.

Дар шаҳри Турсунзода вохӯрии байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ»  ва КМВА «Помир» пуршиддат гузашт. Баъди бохт дар бозии даври ҳафтум бо ҳисоби 2:3  бозингарони  КМВА «Помир»  ин навбат ба «Регар-ТадАЗ» муқобилияти сахт нишон дода, вохӯриро бо натиҷаи 1:1 мусовӣ анҷом доданд. Тӯбҳоро Шодибек Ғаффоров (0:1, 12) ва Ҳасан Рустамов (1:1, 37) ба дарвоза заданд.  Шодибек дар ду вохӯрии охир ба дарвозаи  «Регар-ТадАЗ» се тӯб зада, ба қатори беҳтарин нишонзанҳои даста шомил шуд.

Ба ҳамин тартиб дар бозиҳои даври ҳаштум 14 ҳазору 400 тамошобин ба варзишгоҳҳо омад, ки ин нишондод дар зинаи ҳафтум меистад. 13 маротиба тӯб вориди дарвозаҳо гардид. Доварон ба футболбозон 20 корти зард ва як корти сурх нишон доданд. Бозиҳои даври 9-ум 15-уми июн баргузор хоҳанд шуд.

Нишонзанҳо : Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (аз дастаи «Истиқлол») –  5 тӯбӣ, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Бахтовар Зокиров («Истаравшан»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ») –  4 .

Май 27, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Мавқеи паҳлавонони тоҷик дар рӯйхати ҷаҳонии гӯштини ҷудо муайян гардид
ФУТБОЛ. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои бозиҳои санҷишӣ муайян шуданд
Футболбози тоҷик Амадонӣ Камолов бозигари дастаи «Гул Гуҳар»-и Эрон шуд
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои машқҳои дастҷамъӣ ба Туркия рафт
Ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон фаъолияташро дар дастаи дигари Суперлигаи Узбекистон давом медиҳад
«ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА-2025». Дар Душанбе мусобиқа ба поси хотири Фарҳод Ҷабборов ба охир расид
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
Қуръапартоии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2025 дар минтақаи Душанбе баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад