Иқдоми «Китоб – манбаи дониш»-имкони харидории китоби шавқовар бо лотореяи бурднок

Май 18, 2019 10:03

ДУШАНБЕ, 18.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 майи соли равон  дар боғи «Устод Рӯдакӣ» — и шаҳри Душанбе лотереяи бурдноки молӣ таҳти унвони «Китоб – манбаи дониш» баргузор мегардад.

Ин иқдом  ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла,  бо ташаббуси   Сарвари давлат баргузор гардидани  озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва соли 2019 дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани  Соли китоб  роҳандозӣ  мегардад.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Муассисаи нашриявии «Адиб» иттилоъ доданд, лотереяи бурдноки молӣ таҳти унвони «Китоб – манбаи дониш» бо ташаббуси нашриёти «Адиб» дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг ва Вазорати молия ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе гузаронида мешавад.

Иқдоми мазкур ба хотири ташвиқу тарғиб ва оммавигардонии мутолиаи китоб роҳандозӣ гардидааст. Тибқи он  ҳар нафаре, ки китоб харидорӣ менамояд, соҳиби лоторея мегардад. Дар лоторея бурдҳои пулию молӣ (маблағ то 10 ҳазор сомонӣ, телефонҳои мобилӣ, нотбукҳо ва ғайра) ҷой дода шудаанд. Инчунин шахсон ва идораҳое, ки бештар аз ҳама китоб харидорӣ мекунанд, ба мукофоти алоҳидаи пулӣ сарфароз хоҳанд шуд.

Фурӯши китобҳо бо лотореяҳои бурднок ҳар рӯзи шанбе то 22 июни соли равон аз соати 9:00 то 13:00 дар боғи устод Рӯдакӣ сурат мегирад. Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, яъне 22 июн иқдом ҷамъбаст гардида, нафарони ғолиб соҳиби туҳфаҳои арзанда мешаванд.

Май 18, 2019 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад